Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хумайнӣ журналистону омӯзгорони тоҷикро Эрон мебарад


Имрӯз, 12 июл, гурӯҳе аз муаллимон ва рӯзноманигорони хабаргузориҳои Тоҷикистон ба Эрон сафар мекунанд.


Сафари ин ҳайат аз ҷониби Кумитаи имдоди Хумайнӣ сурат мегирад ва тӯли як ҳафта онҳо аз бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар Теҳрон, Шероз , Машҳад ва аз оромгоҳҳои шоирону мутафаккирони бузурги форсу тоҷик Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём ва Фирдавсӣ дидан хоҳанд кард.


Инчунин, қарор аст, муаллимон ва рӯзноманигорони тоҷик бо ҳамтоёни эронии худ мулоқот намоянд.
XS
SM
MD
LG