Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон?


Гулнозам Саидазимова Таври маъмул пешбарии номзадҳо, эъломи барномаҳои интихоботӣ аз ҷониби номзадҳову, аҳзоби сиёсӣ, мулоқот бо раъйдиҳандагон ва баҳсҳои ошкор нишонаҳои як интихобот аст. Ва ҳамчунин дар корзорҳои интихоботӣ метавон шоҳиди даъвоҳои мутақобила, гузашти номзадҳову таъсиси эътилофҳои сиёсӣ шуд.

Чунин ҷараёнҳоро метавон дар кишварҳои демократӣ ва ё ҳатто кишварҳое, ки сиёсатмадоронаш худро демократ вонамуд мекунанд, мушоҳида кард. Аммо дар Узбакистон вазъият комилан дигар аст. Дар ин ҷо ҳеҷ нишонаи баргузории интихобот ба назар намерасад, бо вуҷуди он ки давраи раёсати Ислом Каримов дар моҳи декабр ба поён мерасад.

Рустам як соҳибкори 38-сола аз шаҳри Тошканд мисли дигар мусоҳибони бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ҳеҷ нишонаеро аз интихобот эҳсос накардааст: "На мо ҳеҷ маълумоте надорем, ҳеҷ чиз намедонем."

Ҷаҳонгир донишҷӯи 19-солаи тошкандӣ мегӯяд, ки ба масоили сиёсӣ таваҷҷӯҳ дорад ва муштоқи раъй додан дар интихобот аст, аммо аз интихоботи эҳтимолӣ чизе нашунидааст: "Мутаасифона, ҳоло доир ба интихобот ягон маълумот вуҷуд надорад, ман танҳо ҳаминро медонам, ки баъд 18-сола шуданам, метавонам дар интихобот ширкат кунам."

Қонуни Асосии Узбакистон барои ҳар раиси ҷумҳур ду давраи раёсатро муқаррар ва порлумон санаи баргузории онро ба таври рӯшан таъин кардааст. Яъне якшанбеи охири моҳи декабр, ки имсол ба рӯзи 23 декабр мувофиқ меояд. Қонун ҳамчунин муқаррар кардааст, ки рӯзи ҳар гуна интихобот бояд эълом ва корзори интихоботӣ шаш моҳ пеш оғоз шаванд. Аммо мақомоти расмии Ӯзбакистон хомӯшанд ва Қочор Тағоев, увзи Кумисюни Марказии Интихоботи Узбакистон мегӯяд: "Ҳеҷ омодагӣ сурат нагирифтааст ва ҳеҷ чизи мушаххасе дар робита ба интихоботҳо нест. "

Бо ин ҳол, ки афроди огоҳ аз меъёрҳои интихобот гиҷ шудаанд, чунин ба назар мерасад, ки гурӯҳҳои мухолиф ба давлати Узбакистон дар ҷои дигар, яъне дар Интернет ба набардҳои интихоботӣ шурӯъ кардаанд.

Дар ин шабакаҳои ҷаҳонӣ даҳҳо мақолаи дорои иттиҳомоти мутақобила миёни аъзои Ҳизби Бирлик(Ваҳдат), Эрк (Озодӣ), дигар гурӯҳҳо ва фаъолони ҳуқуқи инсони тарафдори мухолифин ба чашм мехӯранд.

Талоши онҳо мисли он аст, ки пусти хирсро пеш аз шикор тақсим мекунанд ва ин хусуматҳо гуяндаи ихтилофоти амиқ миёни нерӯҳои мухолифи давлати Узбакистон аст. Баъзе аз аҳзоби мухолиф аз ҳоло аз қасди худро барои ширкат дар интихобот эълом додаанд. Исмоил Додоҷонов, раҳбари Ҳизби Бирлик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳизбаш ба аҳди худро барои ширкат дар интихобот ҳанӯз ҳам содиқ аст: "Дар нишасти васеъи шӯрои марказии Ҳизби Бирлик мо тасмим гирифтем, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунем. Он қарор ҳоло ҳам қобили иҷро аст ва Ҳизби Бирлик дар интихобот ширкат хоҳад кард.

Ҳизби Эрк агарчӣ соли гузашта раҳбараш Муҳаммад Солеҳро номзад эълом карда буд, аммо худи Муҳаммад Солеҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати онҳо дар интихобот ба шароит вобаста хоҳад буд ва ба он ки оё Ислом Каримов интихобот баргузор хоҳад кард ва ё на. Дар ҳоле, ки нерӯҳои мухолиф мунтазири тасмимоти Ислом Каримов ҳастанд, таҳлилгарон низ ба қудрати номзадҳои мухолифин шубҳа доранд, ки битавонанд, раиси ҷумҳури феълии Ӯзбакистонро ба чолиш бикашанд.

Аъзои гурӯҳҳои мухолиф мегӯянд, ки агар дар Ӯзбакистон интихоботи одилонаву шаффоф сурат бигирад, номзади онҳо раъйи кофиро ба даст хоҳад овард. Аммо донишҷӯи тошкандӣ Ҷаҳонгир мегӯяд, ки доир ба ҳизби Эрк, Бирлик ва ё дигар гурӯҳҳои мухолиф чизе нашунидааст. Гурӯҳҳое, ки давлати Ислом Каримов бо иҷоза надодан ва ё худдорӣ аз сабти номашон онҳоро нотавону бетаъсир кардааст.
XS
SM
MD
LG