Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои нави ADB барои Тоҷикистон


Бонки осиёии рушд тасмим гирифтааст дар доираи як силсила тарҳҳои ҷадиди худ зарфи се соли оянда барои Тоҷикистон беш аз 190 миллион доллари амрикоӣ ихтисос диҳад.

Дар баёнияи ахиран ба нашр расонидаи ин бонк гуфта шудааст, ки қарор аст ин маблағҳо ба сурати эътибори молӣ ва кӯмаки билоиваз барои рушди зерсохторҳои манотиқи рустоӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди бахшҳои кишоварзӣ, енергетика ва иҷрои барномаҳои иҷтимоъии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад. Баёнияи Бонки осиёии рушд афзудааст дар баробари тарҳҳои кӯмакии пешбинӣ шуда, ҳамчунин бонки мазкур қасд дорад як кӯмаки фаннии беш аз шаш миллион долларӣ низ ба манзури ташвиқи соҳоти кишоварзӣ дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор диҳад.
Бонки осиёии рушд дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслии бахши кишоварзии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумоти дафтари Бонки осиёии Рушд дар Тоҷикистон феълан ин ниҳоди молӣ 20 тарҳи инвеститсиониро дар ин кишвар маблағгузорӣ мекунад, ки ҳаҷми умумии ин тарҳҳо 309 - миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG