Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ҳиҷоб ба додгоҳ кашид


«Ман аз Худои худ умед дорам, баъдан аз Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин мушкили мо расидагӣ мекунанд. Чун ҳама хабарнигорон шоҳид буданд, додраси мурофиа бо ман бисёр дағалона сӯҳбат карданд, гӯё ягон ҷиноят содир карда бошам, аммо ман танҳо озод будан ва он сару либосе, ки бароям писан даст, онро ба бар мекунам. Танҳо бо ин либос омодаам ба донишкада биравам, бигузор ки раёсати он инро намехоҳад. Аз раъйи худ намегардам».



Давлатмоҳ ё худ Фотима Исмоилова буд, ки пас аз рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур сӯҳбат мекард. Ин мурофиа бо гузашти 45 дақиқа аз вақти таъиншуда оғоз гардид ва қозии муҳокимаи додгоҳӣ оқои Раҳматов ҷониби ҷавобгар - ноиби раиси Донишкадаи давлатии забонҳо Хуршед Зиёевро барои бо таъхир ҳозир шудан ба мурофиа 10 сомонӣ ҷарима кард. Ҳамзамон қозии мурофиа истифодаи дастгоҳҳои аккосӣ ва сабти овозро барои хабарнигорон манъ намуд. Даъвои аслии донишҷӯи ҳиҷобдор Давлатмоҳ Исмоилова дар додгоҳ ин буд, ки ӯ тақозо кардааст, фармони вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи манъи рӯсарӣ дар донишгоҳҳо бекор карда шавад. Ва аммо вакили мудофеъи хонум Исмоилова - Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, додрас Раҳматов дар мурофиа мисле ки ба нафари таҳти ҳимояташ фишор меовард: «Аслан ба таърих ҳам бингарем, аз соли ба даст овардани истиқлолият то имрӯз кадом аризае, ки бар зидди ҳукумат ё мақомоти давлатӣ ба суд ворид шудааст, бар зарари мақомот ҳал нашудааст. Ва аз рафти ин мурофиаи суд ба хулосае омадан мумкин аст, ки додрас Раҳматов кадом як фармоише гирифтааст, то аризаи мо қаноатманд карда нашавад».


Ҳамзамон Қурбон Қурбонов, ҳуқуқшиноси вазорати маориф дар мурофиа гуфт, ахиран як дастури ин вазорат оид ба сарулибоси ягонаи донишҷӯӣ таҳия шудааст ва дар оянда риояи ин дастур барои куллия муҳассилини макотиби оливу ҳамагонӣ як амри ҳатмӣ хоҳад шуд. Ва аммо оқои Қурбонов гуфт, феълан ҳам бо ҳиҷоб вориди донишгоҳҳо шудан мамнӯъ аст. Вале аз оқои Қурбонов мепурсем, ки бар асоси кадом санад пӯшиши рӯсарӣ манъ шудааст. Посухаш кӯтоҳ буд: «Дар асоси қонуни маориф, барои ба низом даровардани таълиму тарбия»




Дар мурофиа Давлатмоҳ Исмоилова иддао пеш овард, ки мақомоти донишкадаи забонҳо барои муддати тӯлонӣ ӯро бинобар рӯсарӣ доштан иҷоза намедоданд, то ба синфхона дарояд. Аммо ноиби раиси ин донишкада Хуршед Зиёев гуфт: «Не, танҳо қоидаи тартиботи дохилии донишкада ҳаст, ки онро агар риоя кунанд, омада таҳсил кардан гиранд. Мо ба Давлатмоҳ ягон хусумати шахсӣ надорем, танҳо талаб мекунем, ки қоидаҳои дохилиро иҷро кунад, мо ба мансубияти диниву мазҳабии донишҷӯён аслан аҳамият намедиҳем».



Бо ин ҳама Холмуҳаммад Асозода, ҳуқуқшиноси Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамзамон мушовири ҳуқуқии Давлатмоҳ Исмоилова гуфт, ба гумони ӯ, мурофиаи додгоҳӣ якҷониба сурат мегирад: «Мурофиаи судӣ мешавад угфт, ки ба тариқи супоришӣ ҷараён дорад. Ва ҳатто ки ба намояндаи ҳуқуқии хонум Давлатмоҳ нагузоштанд, то нуқтаи назари худро баён кунад дар мурофиа. Ба ғайр аз ин худи суд дар асоси кадом санад ба намояндаи Донишкада раҳнамоӣ мекунад, то Давлатмоҳро аз Донишкадаи забонҳо хориҷ кунанд, ҳоло чизе собит нашудааст».


Ҳамзамон падари Давлатмоҳ, Наҷмиддин Исмоилов низ мегӯяд, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба мушкили куллия донишҷӯдухтарони ҳиҷобдор шудааст: «О ин чӣ қонун аст, қонунро бояд такмил дод, онро бояд эҳтиром кард, Президент оё аз ин масъала огоҳ аст ё на? Дар як баромадаш Президент гуфта буд, ки аз синфи камбағал касе наметавонад таҳсил кунад. Ҳоло инҳо маълум карданд, ки воқеан ҳамин тавр аст. Бо ҳар баҳона донишҷӯёнро хориҷ мекунанд».

Ва ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон иддао пеш меоранд, ки пӯшидани рӯсарӣ ё ҳиҷоб муғойир ба фарҳанги тоҷикон аст ва аммо барои пӯшидани либосҳои миллии тоҷикӣ дар макотиби олӣ касе монеъ намешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG