Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба Афғонистон барқ ҳадия кард


Президентҳои Туркманистон ва Афғонистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ҳомид Карзай дар Ишқобод дар чанд масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ба тавофуқ расиданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки кишварҳои худро бо лулаи газ, роҳи оҳан ва хатти интиқоли барқ пайванд кунанд. Интизор меравад, ки баъдан лулаи газ то Покистон ва Ҳиндустон кашида шавад. Харҷи ин барнома 2 миллиард доллар хоҳад буда, солона ба воситаи он 30 миллиард метри мукааб газ интиқол хоҳад ёфт.

Раиси ҷумҳури Туркманистон ба шарафи сафари Карзай тасмим гирифт, ба Афғонистон ба маблағи 300 ҳазор доллар бепул нирӯи барқ диҳад. Дар моҳи феврали соли равон Бердимуҳаммадов қарзи Афғонистонро аз истифодаи нирӯи барқи Туркманистон, ки наздик ба 4 миллион доллар буд, лағв кард. Карзай аз ин иқдоми раҳбари Туркманистон истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG