Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Сочӣ баранда шуд


Сочӣ аз соҳили Баҳри Сиёҳ то қаторкӯҳи Қафқози Бузург тӯл кашида аз даврони Шӯравӣ ҳамчун осоишгоҳ маъруф аст. Президенти Русия Владимир Путин борҳо меҳмони Сочӣ шудаву ҳоло русҳои сарватманд ҳам зиёд ба ин шаҳр рафтуомад мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Сочӣ Олег Родин мегӯяд: "Дар ин ҷо барномаи муфассали бунёди макони зист ва идораҳо роҳандозӣ шудааст. Ин миқёси Маскав нест, вале бар ҳар ҳол бузург аст. Солҳои ахир симои шаҳр комилан тағйир ёфтааст. Шаҳр покиза асту назму субот эҳсос мешавад. Самимона гӯям, ман ин шаҳрро дӯст медорам."



Кремл барои мизбони олимпиадаи зимистона гаштани Сочӣ талоши зиёд карда, ахиран барномаи тармиму навсозии баробар бо 12 миллиард долларро ба тасвиб расонд. Иншооти варзишӣ ва меҳмонсароҳои олимпӣ дар атрофи минтақаи Красная Поляна бунёд хоҳад шуд. Феълан мушкилӣ ин ҷост, ки аксари стадионҳои зимистона фақат рӯи коғаз ҳастанд.




Аксарияти мардум Сочиро на ба ҳайси макони бозиҳои зимистона, балки чун осоишгоҳи тобистонаи канори Баҳри Сиёҳ мешиносанд. Шореҳи сиёсии умури Русия Юлия Латинина пешниҳоди русии мизбонии олимпиадаро пайгирӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, дар Сочӣ муфаттишони Кумитаи байналмилалии Олимпиро бо ҳунарнамоии гурӯҳҳои рақсӣ ва водка хуб меҳмондорӣ карданд: " Чизи дигаре барои нишон додан набуд. Ба муфаттишон фақат нақшаҳоро намоиш доданд. Барнома аст, ки Қасри зимистона ва деҳаи олимпӣ бунёд намоянд. Ва шояд камбуди ғайри қобили ислоҳи Сочӣ ин бошад, ки низоми нақлиёташ заиф аст."




Ба гуфти Латинина Сочиро бо Красная Поляна фақат як роҳи танги кӯҳӣ пайваст мекунад. Ӯ меафзояд, шояд барои корвони лимузинҳои президент Путин ин роҳ кифоят намояд, вале аз эҳтимол дур аст, ки барои равуои рӯзмарраи ҳазорҳо варзишгар, рӯзноманигор ва тамошогари олимпиада.
XS
SM
MD
LG