Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби таҳрир созмони террористӣ эълон мешавад


ақ

Додситонии кулли Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи ба шумори созмонҳои террористиву экстремистӣ ворид кардани созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир дар қаламрави ин кишварро ба Додгоҳи олӣ ирсол кардааст.
Қурбоналӣ Муҳаббатов - додситони шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин дархости мақомоти тафтишотӣ ҷилавгирӣ аз густариши фазояндаи доманаи фаъолияти Ҳизби таҳрир ба унвони як созмони мамнӯъ ва иртиҷоии сиёсӣ дар саросари кишвар аст.
Оқои Муҳаббатов афзуд, Ҳизби таҳрир аз авохири солҳои навадум аз тариқи кишвари Ӯзбакистон вориди Тоҷикистон шуда ва айни замон фаъолияти густардаи худро бештар дар вилояти Суғд - шимоли кишвар ва навоҳии минтақаи Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст. Додситони шаҳри Душанбе афзуд, ки таҳририҳо бар хилофи Қонуни асосӣ ва раъйи аҳолии Тоҷикистон талош доранд низоми хилофатро барқарор кунанд. Азбаски адабиёт ва маводи таблиғотии кашфшуда аз аъзои ин ҳизб муқобили сохти мавҷуда равона шудааст ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ муваззафанд созмон ба ҳайси як созмони хатарофарин ба амният маҳкум шавад.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди Ҷалолиддини Маҳмуд –муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷкистон танҳо ҳизби динии фаъол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин шеваи бархӯрд бо Ҳизбутаҳрир гумон аст комёб шавад. Зеро мегӯяд ӯ, бисёрҳизбӣ ва чандандешӣ аз тақозоҳои табиати низоми демократӣ буда ва давлати Тоҷикистон низ низоми худро демократӣ эълом кардааст.
Қурбоналӣ Муҳаббатов ҳамчунин гуфт, дар асоси як таҳқиқоте, ки онҳо анҷом додаанд, навад дар сади маҳкумшудагон бо иттиҳоми узвият ё ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир гуфтаанд, баъди раҳоӣ низ фаъолиятҳои таблиғотии худро барои ин ҳизб идома медиҳанд.
Оқои Маҳмудов муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир таҳририҳо зиндонҳои Тоҷикистонро ба майдон ё арсаи хуби таблиғи худ табдил додаанд.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки мавридҳои ба маҳкама кашидани аъзои Ҳизби таҳрир дар Душанбе дар қиёс ба соли гузашта тақрибан сад дар сад бештар шудааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG