Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ талош доранд


Ҷаноби Раҷабалиев афзуд: «Варзишгарони мо дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, гуштии дзюдо, тирандозӣ, камонварӣ ва гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ имкон доранд, ки соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин шаванд.»

Раҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иброз дошт, ки натоиҷи ба даст овардаи гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар чандин мусобиқоти имсола аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ, бешак, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2008 хоҳад шуд. Вай ахири моҳи август дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Осакаи Ҷопон ширкат меварзад.

Ҳамчунин, паҳлавонони варзидаи тоҷик Расул Боқиев, Неъматулло Асронқулов ва Шералӣ Бозоров моҳи сентябр дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо рақобат мекунанд.

Муштзанҳои моҳир Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов ба мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ҷаноби Раҷабалиев, ҳамчунин, иброз дошт, ки ду нафар бонувони камонвари Тоҷикистон - Албина Камолиддинова ва Фотима Тағоева моҳи июл дар сабқати ҷаҳонӣ дар Олмон ширкат карда, барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии олимпӣ маблағи зарурӣ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG