Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳандозии маркази иттилоъотии ҷадид


Дирӯз сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар назди худ як маркази иттилоъотиро боз кард.


Дар маросими ифтитоҳи он Трейси Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, ва намояндагони расонаҳои гурӯҳии ватаниву хориҷӣ ширкат карданд.


Гуфта мешавад, ҳадаф аз таъсиси ин марказ ироъаи хадамоти иттилоърасонӣ оид ба Амрико ба сокинони Тоҷикистон будааст.


Хидматгузории маркази тозатаъсис ҳамчунин барои донишомӯзон ва муҳаққиқоне, ки ба забони инглисӣ ва дар заминаҳои мухталиф пажӯҳиш мекунанд, муфид хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG