Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои заъфи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон


Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид кард, ки порлумон ба ҳайси ниҳоди олии қонунгузор дар сохтори ҳокимияти давлатӣ рӯз ба рӯз таҳким меёбад, ки ин падида дар роҳи бунёди як ҷомеаи маданӣ ва озод ниҳоят муҳим мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди таҳлилгарони тоҷик то ҳанӯз порлумони касбӣ ё доимоамалкунадаи Тоҷикистон, ки аз 63 вакил таркиб ёфтааст , дар низоми давлатдории имрӯза аз салоҳият ва ваколатҳои маҳдуд бархурдор аст.
Шокирҷони Ҳаким устоди Донишгоҳи байналмилаии Душанбе мегӯя, салоҳияти порлумон ба ҳадде маҳдуд сохта шудааст, ки ҳамасола қонуни буҷаи давлатиро таъйид мекунад, аммо наметавонад иҷрои он ва истифодаи маблағҳои буҷавиро назорат барад.
Ҳарчанд Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси намояндагон қабули қонун афви бахшида ба даҳсолагии сулҳ аз сӯи порлумон ва президентро иқдоми муассир ва саривақтӣ барои ҷомеаи кишвар арзёбӣ кард, аммо Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили ин ҳизб дар порлумон гуфт, дар қабули ин қонун ва чанде дигар аз қонунҳои муҳим порлумон ба шитобзадагӣ роҳ додаст.
Ҳамзамон оқои Кабирӣ бар ин нукта таъкид кард, ки миёни фаъолияти барои мисол иҷлосияи аввал ё иҷлосияи дуввум ва саввуми Маҷлиси намояндагон ҳеҷ таҳаввул ба чашм намерасад.
Ба эътиқоди Абдуғанӣ Мамадазимов - раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон иллати якрангӣ ва набуди тафовут миёни иҷлосияҳои қаблӣ бо ин иҷлосия он аст, ки порлумон мустақил нест ва он аз як ҳизб ташкил ёфтааст.
Вале агар гаҳ- гоҳе дар миёни ин порлумон садои мухолиф баланд шавад, он ба раиси ду ҳизби бо ҳам мухолифи Коммунистӣ ва Исломии Тоҷикистон, тааллуқ дорад, ки яке се ва дуввум ду намоянда дар порлумон доранд.
Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов - раиси ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон мегӯяд, заъфи порлумони имрӯза дар он аст, ки аксари вакилон аз изҳори назари худ дар мавриди тарҳ ва пешнависи қонунҳо парҳез мекунанд.
Вай ба унвони намуна аз тасдиқи қарори лоиҳаи Стратегияи рушди милли Тоҷикистон барои давраи то соли 2005 дар порлумон ёдовар шуд, ки бо вуҷуди ба гуфтаи ӯ номукаммал ва ҳатто мухолифи манофеи миллӣ буданаш қабул шудааст.
Ба ин тартиб, дар давраи фаъолияти иҷлосияи саввуми Маҷлиси Намояндагон 216 қонун ва қарор таҳия ва қабул шудааст. Гуфта шуд,ки тарҳи 49 тои ин қавонин аз сӯи президент, 90- то аз тарафи ҳукумат ва аз сӯи порлумон ҳамагӣ 27 адад пешниҳод шудааст.
Маҷлиси намяондагони Тоҷикистон то нимаи дуввуми моҳи августи соли равон дар кори худ таътил эълом кард.
XS
SM
MD
LG