Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози эрониён ба саҳмиябандии бензин


Их

Имрӯз ронандагони ба ғазаб омадаи эронӣ ба нишони эътироз аз меъёргузорӣ фурӯши сӯзишворӣ камаш панҷ махзани маводи сӯхти шаҳри Теҳронро ба коми оташ кашиданд.


Шаби гузашта дар арафаи ҷоришавии меъёрҳо ронандагони зиёд дар назди фурӯшгоҳҳо саф кашида буданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар баъзе ҷойҳо ронандагон сӯи махзани маводи сӯхт санг партоб намуда, шиорҳои зидди президент Маҳмуд Аҳмадинажод замзама мекарданд. Ҷанҷолҳои шабеҳи Теҳрон дар шаҳрҳои Аҳвоз, Исфаҳон ва Табрез ба қайд гирифта шуд. Тибқи баъзе гузоришҳои то ҳанӯз тасдиқнашуда дар назди яке аз фурӯшгоҳҳои маводи сӯхт дар Теҳрон зане ба ҳалокат расидааст. Фаризбурз Суруш рӯзномагори муқими Теҳрон ба радиои Фардо гуфт, ки полис мардуми зиёдро боздошт намуд. Бар пояи меъёрҳои аз тарафи мақомоти эрон муайян шуда ронандаи мошини хусусӣ ҳақ дорад моҳона 100 литр бензин харидорӣ намояд. Ронандаҳои таксӣ имкон хоҳанд дошт, ки ҳар моҳ бо нархи муқаррашудаи ҳукуматӣ то 800 литр бензин бихаранд. Дар Эрон як литр бензин бо нархи ҳазор риёл ё худ 11 сенти амрикоӣ, яъне панҷ мартаба арзонтар аз нархи воқеияш фурӯхта мешавад.
Ҳоло маълум нест, ки ба эрониҳо иҷозати харидории миқдори иловагии бензин бо нархи 5 ҳазор риёл тақдим хоҳад шуд ё не? Сарфи назар аз захираи саршори нефт Эрон 40 дар сади маводи сӯхтро аз хориҷа ворид менамояд. Хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ медиҳад, ки баъзе вакилони мардумии Ҷумҳурии Исломӣ манъи меъёргузории фурӯши бензинро пешниҳод кардаанд.
XS
SM
MD
LG