Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири СУЛҲ (Фасли 6)


Барномае бахшида ба 10-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон

Поёни кори Кумисюни оштии миллӣ.
Фурӯпошии Иттиҳоди оппозисюни тоҷик.
Истифодаҳои гуногун аз дастовардҳои сулҳ.
Хулосаҳои фалсафӣ ва сиёсӣ аз
10 соли сулҳи Тоҷикистон.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Гузашта "агар" надорад. Ончӣ шуд, шуд. Нек ё бад.

Владимир Горяев ба ҳайси ёвар ва мушовири намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ягона касест, ки бетанаффус дар тамоми даврҳои гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ширкат кардааст ва мегӯяд, созишномаҳои имзошуда беҳтарин тавофуқоте буданд, ки мешуд, дар ҳамон давраи таърихӣ аз тарафҳо ба даст овард:

"Дар таърих мафҳуми "агар ин тавр мешуд" вуҷуд надорад. Ҳодиса ҳамон гуна ба амал хоҳад омад, ки тақдир карда бошад. Созишномаҳои сулҳ ҳамеша зери таъсири шумори зиёди фоъилҳои мухталиф ба миён меоянд. Ва созишномаҳое, ки ба имзо расиданд, дар ҳамон шароит беҳтарин дастовардҳои имконпазир буданд ва бояд гуфт, созишномаҳои идеол аслан вуҷуд надоранд."

Соли гузашта 15 таърихшинос ва файласуфи амрикоӣ китоби дастҷамъонае нашр карданд, ки "What If..." ("Чӣ мешуд, агар...") ном дорад. Онҳо рӯйдодҳои ҳалкунандаи таърихро, ки сарнавишти башарро дигаргун кардаанд, дар ин формулбандӣ гузоштанд ва хаёлпардозӣ карданд, ки агар онҳо таври дигаре сурат мегирифтанд, мо ҳоло дар чӣ дунёе мезистем.

Чӣ мешуд, агар муғулҳо дар ишғоли Аврупо комёб мешуданд?
Чӣ мешуд, агар на ҷонпоси Искандари Мақдунӣ, балки худи ӯ дар оғози ҷангҳояш кушта мешуд?
Агар дар соли 1914 Ҷанги ҷаҳонии аввал сар намезад, чӣ мешуд?
Агар Ҳитлер пирӯз меомад, дунё чи ранге мегирифт?
Ва монанди инҳо.

Пажӯҳиши илмии назарияҳои зоҳиран ғайриилмӣ нишон дод, ки таърих метавонист, комилан бо роҳи дигаре пеш равад ва гузашта гурезнопазир набудааст ва як шахси алоҳида низ дар ин дигаргунӣ метавонистааст, нақши ҳалкунанда дошта бошад.

Ҳоло ки фурсате барои натиҷагирӣ аз асноди сулҳи Тоҷикистон ва гуфтаҳои ҳамсӯҳбатони мо пеш омадааст, нигоҳи имрӯза ба он рӯйдодҳо аз чунин дидгоҳ фаҳмиши бештаре медиҳад.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Кумисюни оштии миллӣ ҳангоми ҷамъбасти кори ин созмон, дар якуми апрели соли 2000, гуфт, Кумисюни оштӣ мебоист амалан мустақил мебуд, буҷаи худро медошт ва дастнигари мақомоти давлат боқӣ намемонд. Вай дар китоби худ "Оштинома" менависад, тарафи ҳукумат дар кумисюн салоҳияти комил надошт ва ҳар дафъа баъд аз машварат бо раҳбарияти ҷумҳурӣ ақидаи худро тағйир медод. Ноиби ӯ аз тарафи давлат дар кумисюн Абдулмаҷид Достиев дар китоби "Тоҷикистон -- шикастан ва бастанҳо" менависад, бархе аз риҷоли давлат, зоҳиран гӯё аз номи президент ба кори кумисюн дахолат мекарданд ва тавофуқҳои ҳосилшударо аз байн мебурданд. Бо вуҷуди ин, ба навиштаи ҳарду муаллиф, Кумисюни оштии миллӣ нақши сулҳофаринии худро дар баландтарин сатҳи мумкин ба анҷом расонд.

Аммо ба ақидаи аксари таҳлилгарон, давраи кори Кумисюни оштии миллӣ давраи фурӯпошии яке аз тарафҳои сулҳ буд. Ҷаноби Нурӣ иқрор мекунад, ки ҳукумат ҳамеша нақша дошт, ин иттиҳодро заъиф ва пароканда бинад ва ба ақидаи ӯ ин як падидаи қобили фаҳм буд: "Агар ҳукумате ки ингуна нақша надошта бошад, аслан он ҳукумат нест. Ва ин ҷои айб ҳам надорад, ки ҷонибдорони худро зиёд бояд кард ва ҷонибдорони аҳзоби мухолиф камтар ва заъифтар бошанд."

Ва раиси зеркумисюни сиёсии Кумисюни оштии миллӣ аз ҷониби давлат Иброҳими Усмон мегӯяд, ҳарду ҷониб ба тазъифи ҳамдигар сайъ мекарданд: "Сиёсат худаш ҳамин аст. Сиёсат -- имконият ёфта, мавқеи худро мустаҳкам кардан аст."

Ҷаноби Усмон, ин бор ҳамчун пажӯҳандаи сулҳи Тоҷикистон, мегӯяд, бе талошҳои ҳукумат низ оппозисюн дар ҳоли фурӯпошӣ буд, зеро дар давраи эъмори сулҳ аз афроде рӯ тофт, ки пояҳои ин сулҳро гузошта буданд: "Оппозисюн худашро пароканда кард. Чанде пеш тақрибан ба ин монанд як суол аз ман шуд, намояндагони мухолифин аз он гуфтанд, ки чаро на ҳамаи созишҳо амалӣ гашт, гуфтам, ҳамин хел маълум шуд, ки шумо он мардумеро, ки дар ҷараёни музокирот, дар ҷараёни мухолифати сиёсӣ ва ҷанг бештар ба онҳо такия мекардед, дар марҳилаи дуюм, онҳоро фаромӯш кардед ва ба плани дуюм партофтед. Барои ҳамин дар ин давра кори шумо он пешрафтеро надoшт, ки дар давраи аввал доштед. Ҳақиқатан ҳам, агар ҳамту нигоҳ кунед, назариётчиёни онҳо дар давраи дуюм шахсоне шуданд, ки аз назария хеле дуртар буданд. Ман давраи татбиқи созишномаҳоро дар назар дорам. Эътибори онҳое ки ин созишномаҳоро тайёр карда буданд, коста шуд. Ба хаёлам, ҳамин хел фикрашон пайдо шуд, ки ҳама чиз ҳосил шуд, дигар зарурати такия кардан ба ин афрод нест."

Барои бисёриҳо дар ин давра аз ҳам дур шудани ду раҳбари аршади оппозисюн Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода як омили асосии фурӯпошии оппозисюн буд. Сухангӯйи фиристодаи хоси Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, журналист Маъсумаи Турфа шоҳиди айнии фаъолияти Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон буд ва мегӯяд, тафовут дар миёни ин ду раҳбари оппозисюни тоҷик ҳанўз аз замони гуфтушунидҳои сулҳ маншаъ мегирад: "Ҷаноби Нурӣ воқеъан инсони бисёру бисёр ором ва ботасоҳул, бомудоро ва нарму инъитофпазире буд ва инро дар чеҳра ва лабханди эшон ҳам ҳама метавонистанд бубинанд. Ин бисёр ҳам муассир буд ва ҳамеша кӯмак мекард ба эҷоди мусолиҳа. Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода ҳамеша дифоъяшон аз ҳаракати худашон ин буд, ки мехостанд, шахсияти мухолифон ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҳифз бишавад. Мехостанд, ки як вақт афрод фикр накунанд, ки ҳар чизеро ба ҳар шакле дар ихтиёри мухолифон қарор диҳанд, мухолифон қабул мепазиранд. Ва хуб, аз дидгоҳи худашон агар нигоҳ бикунед, барои ҳифзи шахсияти мухолифон буд. Ҳоло мумкин аст, ки ба назари баъзеҳо меомад, ки эшон сари масъалаҳои кӯчак пофишорӣ мекунанд, вале дифои худашон ин тавр буд. Ва агар алъон ба ақиб нигоҳ бикунем, мебинем, ки шояд баъзе ҷоҳо мухолифон бештар пофишорӣ мекарданд. Шояд намебоист мегузоштанд, ки ин тавр аз саҳна берун ронда бишаванд. Шояд таърих ин тавр қазоват хоҳад кард, ки мухолифон беҳтар мебуд, агар сари як ришта масоил бештар пофишорӣ мекарданд ва зуд аз майдон намерафтанд."

Худи ҷаноби Тӯраҷонзода низ бар ин аст, ки дарвоқеъ мухолифон мебоист, пойфишории бештар нишон медоданд: "Шукр ба худо, ки таърих бознамегардад, аммо агар рафту ин кор ҳам шавад, мо чорае надорем, мо ҳамеша сулҳ мехоҳем ва ҳамон вақт ҳам сулҳ мехостем. Аммо татбиқи сулҳро мумкин каме бо услуби дигар таъмин мекардем. Бояд марҳилаи интиқолӣ баъд аз такмил ёфтани "сӣ дарсад" шурӯъ мешуд. Мо инро медонистем, аммо мутаассифона, ин амалӣ нашуд. Хуб, ин камбудӣ аз худи мо буд, гузаштҳои хеле зиёд аз ҷониби худи мо шуда буд. Ва ҳамчунин ман ҳеҷ вақт истилоҳи "афви якҷониба"-ро қабул надоштам, зеро ман ҳамеша дар музокирот талаб мекардам, ки бояд парвандаҳои ҷиноӣ лағв ва аз байн бурда шаванд. Инҳо масоиле буд, ки агар мо истодагарӣ мекардем, шояд ҳатман татбиқ мешуданд, аммо ҷанг кашол меёфт ва бисёр ҷавонони мо, дӯстони мо имрӯз зиндонӣ ва фирорӣ намешуданд."

Мушовири умури ҳуқуқи башар дар ҳайъати Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, рӯзноманигор Олег Панфилов мегӯяд, орзумандони шикасти баъдазҷангии оппозисюн нуқоти заъфи онро ёфта буданд ва моҳирона истифода карданд:

"Ман, албатта, ҳадс мезанам, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон ва Русия ва эҳтимолан кишварҳои дигар ба аъзои гуногуни ҳайъати оппозисюн таъсир мегузоштанд. Ин як раванди табиӣ буд ва баракс ҳайратовар мебуд, агар ингуна намебуд. Ва ба назарам, онҳо як омили асосиро, ки дар миёни мухолифин буд, зиёд истифода мекарданд. Манзурам, худхоҳӣ. Чи худхоҳии маҳалгароёна ва чи худхоҳии инфиродӣ. Барои ҳамин ман на танҳо аз натиҷаҳои гуфтушунид дилсард шуда будам, балки ҳамчунин аз он ки чӣ тавр оппозисюн аз ин натиҷаҳо истифода кард. Нақши худхоҳии афрод бисёр нақши бориз буд, вақте дар пушти ҳар сиёсатмадор хонаводаи ӯ, ноҳияи ӯ, авлодии ӯ қарор гирифт. Ин аст, ки оппозисюн маҷбур буд ба мақомҳои давлатӣ одамони тасодуфиро пешниҳод кунад."

Маҳал ва минтақагароиро худи Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ як омили асосии фурӯпошии оппозисюн меномид. Вай мегуфт, талоши мансабгириҳо ба навбати худ маҳалгароӣ ва фасодро ба авҷ расонд, он ҳам дар ҳоле ки дар ибтидо тарафдорони ӯ ба гирифтани мансабҳо омода набуданд: "Дар ибтидо, вақте ин мақому вазоратҳоро гирифтем, ман бо ҳамаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ сӯҳбат кардам. Ҳеч яки онҳо ҳозир набуд, ин ё он мақомро бигирад. Онҳо мегуфтанд, мо фақат барои ризои худо кор кардем ва омадему ба сулҳ расидем, ҳамин барои мо баc аст. Ман аз онҳо хоҳиш мекардам, ки ин ё он вазифаро бар дӯш бигиранд, онҳо рад мекарданд. Вале баъд аз чанд вақт, он одамоне ки аз хориҷ бо нияти сулҳ, бо орзу ва ҳаваси сулҳ бозгашта буданд, бо ёру дӯсти худ ва ҳамдиёрони худ дар Тоҷикистон омехта шуданд, ман он вақт донистам, ки дар ин байн дар Тоҷикистон нирӯи маҳалгароӣ чӣ андоза қавӣ шудааст. Вақте мо Тоҷикистонро тарк карда будем, гароиш ба маҳалҳо дар кишвар ин гуна сахту ваҳшатангез набуд. Мо гӯё ба як Тоҷикистони комилан дигар бозгашта будем. Ва чӣ андоза бад будани нирӯи маҳалро ман то он вақт дарк накарда будам. Масалан, вахёчиҳош сари вахёчиҳое ки дар ҷиҳод буданд, фишор оварданд, ғармиҳо дар ғармиҳо, шимолиҳо дар шимолиҳо, ҷанубиҳо дар ҷанубиҳо. Аз ин ҳама як ҳолате ба вуҷуд омад, ки дигар барои гирифтани вазифа мусобиқа сар шуд, аз мусобиқа гузаштем ба ҷанҷол, аз он ҳам гузаштем ба фишороварӣ ва ҷаласаҳои тӯлонӣ, ҳамааш барои дарёфти вазифа. То он вақт ҳеч кас аз лиҳози маҳал ба ман нигоҳ намекард. Вале аз он ба баъд дигар аз лиҳози маҳал ба ман нигоҳ мекарданд. Ин дарвоқеъ аввалин аломати пош хӯрдани оппозитсия буд. Охир вақте ки ман сулҳ мекунам бо ҷаноби оқои Раҳмонов ва агар иззат надошта бошам, эътибор надошта бошам, масалан, ҳамон эҳтироми қаблиро надошта бошам, чӣ хел сулҳ мекунам. Модоме ки инҳо ҳар сулҳе ки ман кунам, мухолиф хоҳанд буд, зеро вазифа барояшон нарасид ва ё талабашон иҷро нашуд. Барои ҳамин хатар дошт ин. Хатараш дар ҳамин буд. Саҳмия боиси эҷоди сабқату нафрату фишороварию тафриқа шуда, нобовариҳоеро миёни раҳбар ва пайравон ба вуҷуд овард. Баъд дигaр вақте шуд, ки агар ман дар оғоз барои гирифтани ҷойҳо озод будам, акнун талаб пайдо шуд, ки бояд кадом ҷойро бигирам ва барои кӣ. Ва мебоист як вазифаро дар байни чаҳор гурӯҳ тақсим мекардам, ба шакле ки ҳамаи онҳо розӣ боқӣ монанд. Дар ин байн гирифтани ин ё он мақом аз тарафи ҳукумат низ мушкил шуд. Ин ду мушкил бо ҳам тамоми раванди гирифтани саҳм ва пур кардани онро ба омили ҷудоиву таҳдиду тафриқа табдил дод."

Аз он ҷо ки саҳми 30-дарсадаи оппозисюн дар идораи давлат то охир дода нашуд ва ҳукумат аз як сӯ иҷрои ин шарти сулҳро кашол медоду аз сӯи дигар пиромуни номзадҳои мухолифон баҳсу кашокаш меорост, ба назар мерасид, ки саҳмия ба як бозичаи саргармкунанда ва шикастдиҳандаи оппозисюн табдил ёфтааст.

Пас аз даҳ соли он рӯйдодҳо ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд: "Хуб мешуд, агар ҳанӯз Кумисюни оштии миллӣ наомада, дар музокироти сулҳ ҳамон "сӣ дарсада" ҳалли худро меёфт. Маълум мешуд, ки моли мо кадом вазорат, идора, ноҳия. Агар маъқул намешуд, пешакӣ мегуфтем, ҳамин чизро намедиҳӣ, мо сулҳ намекунем. Сӣ дарсади ҳукумат маънияш ин буд, ки яке аз се вазорати қудратӣ -- дифоъ, амният ва умури дохилӣ бояд ба мо дода мешуд, зеро мо ҳам нирӯи низомӣ доштем. Вале ин муҳимтарин вазорати моро, вазорати дифоъро ба мо надоданд."

Вале Кароматулло Олимов, узви Кумисюни оштии миллӣ ва ҳоло мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ширкати оппозисюн дар идораи давлат дар он замон як зарурати сулҳ буд, ки гузашт: "Дар масъалаи "сӣ дарсада" бояд бигӯям, вақте ки ваҳдат таъмин шуд, чунин шарте дар созишномаи сулҳ ҳам набуд, ки ин ҳамешагӣ бошад ва тамоми умр ҳамсафару ҳамин сӣ фоизу ҳафтод фоиз бошад. Миллат имрӯз ба ваҳдат расид ва акнун ҳар касе, ки аз рӯи истеъдод, тавоноӣ, дониш, ихтисос, зарурат ва шоистагӣ, ки дорад, ба ин ё он вазифа муқаррар мегардад."

Аммо таҳлилгари амрикоӣ Брюс Паннир дар яке аз мақолаҳояш менависад, таҳшини талхи баъдӣ, ки аз ширинии ибтидоии саҳмияи оппозисюн боқӣ монд, бештар баёнгари ормони оппозисюни тоҷик ба муколама ва ҳамкории доимӣ бо давлат буд, то ҳирси ишғоли курсиҳои мансаб. Саидумари Ҳусайнӣ: "Дар ҷаласаҳо дархости пешниҳод мешавад, вале нотиқон танҳо ба таърифу тавсифи шахси аввал машғул мешаванд. Як бор раиси ҷумҳур бояд маҳфиле доир кунад ва тамоми имкониятро барои онҳое бидиҳад, ки аз сиёсати ӯ танқид мекунанд. Танқидкунандагон дӯстони воқеии ӯянд. Барои як марди сиёсатмадор онҳоро душман гумон кардан бисёр ғалат аст. Биноан мо умед дорем, ки аз мо бипурсанд, маслиҳат бигиранд. Мо бадӣ намехоҳем."

Худи Нурӣ дар поёни "Оштинома"-и хеш изҳор доштааст, бо дарназардошти мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мебоист Кумисюни оштии миллӣ дар ҳар шакли дигаре идома пайдо мекард. Вале ин бештар ба орзуҳои баъд аз маърака мемонд ва ба пурсиши ошкорои он ки оё дуруст аст, таҳти шиъорҳои сулҳ ҳукумат оппозисюнро бозӣ дод, ингуна посух гуфта буд: "Не, ман ба ин ақида тамоман розӣ нестам. Дар он шабу рӯзе ки мо будем, дар он шабу рӯз, ба фикри ман, вақте ҳар як одами оқил, агар дар Амрико буд ё Канада ё Урупо, агар ҳамчун як тоҷик вақте ба тарафи Тоҷикистон назар мекарду медид, ки танҳо нолаву оби чашму дуд аз он ҷо берун мешавад, ман фикр намекунам, ки одами оқил дар он вақт думболи мансабу мақому вазифа мегашт. Ман гуфтам, ки ин мансабу вазифаро барои он ки мо ҳам дар як қисмати ин давлат бошему итминон пайдо кунем барои зиндагӣ кардан, барои ҳамин буд, вале мо ҳар коре ки кардем, кам гирифтем, зиёд гирифтем, гузашт кардем... Бале ман гузашт кардам ва ман ифтихор ҳам мекунам барои ин гузашт карданам. Вале чун ман гузашт кардам, ба мақсад расидам, яъне ба сулҳ расидам!"

Аҳамияти гузаштҳои дуҷонибаро барои расидан ба сулҳ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон қадршиносӣ мекунанд, ҳарчанд бо сабаби аз саҳна афтодани оппозисюне, ки метавонист, ҳамкору ҳамвазн ё дақиқтараш повазн ва нозири ҳукумат бошад, ақидае дар ҷомеа низ вуҷуд дорад, ки ба сурати умум сулҳи Тоҷикистон сабаби тақвият ва яккатозии ҳукумат гардид. Ақидаи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон баёнгари ду мавқеъ дар ҷомеа мебошанд: "Як чӣ ҳаст, ки сулҳ сулҳ аст, барои ман фарқ надорад, кӣ кард ё кӣ накард, чӣ хел шуд ва чӣ хел нашуд. Ҳақиқаташ ҳамин ки сулҳ барпо шуд ва ман ҳеч розӣ нестам ба гапҳое, ки гӯё ҳукумат барои сулҳро ҷорӣ кардан оппозитсияро фиреб дод. Дар асл ба худи оппозитсия вобаста буд, чӣ кор кунад."

Ва ақидаи дигар:

"Ба фикри ман, ҳарду ҷониб заҳмати зиёд кашиданд, вале дар ниҳояти кор сулҳ то андозае ба манфиати ҳукумат тамом шуд. Махсусан дар тақсими вазифаҳо дар порлумон ё вазоратҳо. Ин эҳсос мешавад."

Дар яке аз мукаммалтарин пажӯҳишҳои сулҳи Тоҷикистон, ки гурӯҳи муаллифон дар маҷаллаи бритониёии "Аккорд" анҷом додаанд, Кетрин Барнс ва Камолиддин Абдуллоев менависанд, азбаски ҳам тарафҳо ва ҳам Созмони Милали Муттаҳид аз ибтидо талошҳои худро танҳо ба қатъи ҷанг маҳдуд карда, мусолиҳаи пухтаву комилро ҳадаф нагузоштанд ва барномаи қавии баъдиҷангиро таҳия накарданд, нуқтаҳои заъфи сулҳ ва берун мондани манфиати қишрҳои густардатари ҷомеа тухми низоъҳои ояндаро боқӣ гузошт.

Ховаршиноси фаронсавӣ Оливер Руа мегӯяд, ҳам ҷанг ва ҳам сулҳи Тоҷикистон ҳомили иштибоҳҳои як насле аз тоҷикон буданд, ки наслҳои баъдӣ бояд ислоҳ кунанд. Вай мегӯяд: "Ман фикр мекунам, ки ин камбуди як насл буд. Насле, ки дар солҳои навад фаъолияти сиёсӣ кард, ба ҷое нарасид. Ва феълан умед ба дасти насли ҷавонтар, насли дуввум аст."

Шоъири қарни нуздаҳи тоҷик Шамсиддини Шоҳин бо шиква аз чархи гардун навишта буд:

Ин сулҳфурӯши оқибатҷанг
Дар каф қадаҳест, дар бағал санг


Ва ин мисраъҳои ӯ ёднишоне ба ворисонаш аст, ки ҷаҳони атрофи худро фаромӯш накунанд, ҷаҳони бузургро, чархи баринро...

Ва боз рӯ меорем ба файласуфи тоҷик Акбари Турсонзод, ки оё ба ин тартиб сулҳи Тоҷикистон як сулҳи мусбат буд ё манфӣ?

Акбари Турсонзод: "Не, созишномаи наваду ҳафтум сулҳи манфӣ набуд, вале то сатҳи маънавии сулҳи мусбат ҳам нарасид. Асл инҷост, ки сулҳномаи мазкур барои ҳамоиши ояндаи миллат заминаи куллӣ фароҳам овард, ки дастоварди назарраси иҷтимоист. Ба шарофати он аст, ки чаҳорчӯби сиёсию ҳуқуқие тарҳрезӣ шуд ва минбаъд мебоист ҷумла масъалаҳои ихтилофомезро андаруни он мусолиҳатомезона ҳаллу фасл кардан. Мутаассифона, баъди ба ватан баргаштани мухолифин ва муҳоҷирон дар роҳи барқарор намудани боварии самимӣ дар байни ҷонибҳои ҷангида ё ба қавли ЮНЕСКО эътимодофаринӣ, икдоми назаррасе ба амал бароварда нашуд, ҳарчанд ки Созмони Милали Муттаҳид ба иҷрои ин кори сарнавиштсоз то тавонист, мусоидат кард. Аз ин ҷиҳат дар ҷараёни татбиқи оштинома ба маънии куллии истилоҳ мусолиҳаи миллие сурат нагирифт, ки ба ҳусни тафоҳум тавъам бошад; тарафайни даргир охир ба тавофуқ расиданд, аммо таваҳҳум бартараф нашуд."

Сулҳноманависи австриягӣ Мортин Оуэр мегӯяд, "Сулҳ барои ман беҳтарин шакли ҳамзистии одамон аст, ки таҳаммулпазирӣ, тафоҳум, муколама, ҳамраъйӣ, ғамхорӣ ва хушбахтиро дар бар мегирад." Ва дар яке аз китобҳои дигари худ менависад, "Сулҳ бе адл вуҷуд дошта наметавонад ва адл бе мухолифату муқовимат."
Пас оё падидаҳое ҳастанд, ки ба сулҳи Тоҷикистон таҳдид мекунанд? Ба ин суол, бархе аз шаҳрвандони кишвар ингуна посух доданд:

"Омилҳои зиёде ҳастанд, ки сулҳро халалдор мекунанд, лекин агар мардуми Тоҷикистон тибқи қонун зиндагӣ кунанд, иқтисодиёт рушд кунад ва нарху наво поин ояд, вазъи зиндагӣ беҳтар шавад, сулҳ пойдор хоҳад монд."

"Бекорӣ. Зиёда аз 30 дарсади аҳолӣ бекор мондааст, ба ғайр аз онҳое ки барои кор ба Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо рафтаанд. Ин баёнгари вазъ аст."

"Дар Тоҷикистон озодии матбуот, озодии баён нест. Ин боиси вайрон шудани сулҳ мегардад."

"Мо медонем, ки бисёр одамон пора мегиранд. Коррупсия хеле паҳн шудааст. Ин як сабаби ошӯб шуда метавонад.

"Қонунҳо риоят намешаванд ва дар натиҷа дар ин шонздаҳ соли истиқлолият мушкилоти мардум ба ҷои кам шудан бештар мешавад."

"Ҳуқуқи инсон риоя намешавад. Манъ кардани пӯшидани ҳиҷоб, манъ кардани ҷавонон ва наврасон аз рафтан ба масҷид, манъ кардани азон ба воситаи баландгӯякҳо. Инҳо ғалатҳои сахтанд. Бояд ҳуқуқи ҳар шахс эҳтиром шавад."

"Нобаробарӣ дар ҷамъият. Баъзеҳо ҳоло ҳам мегӯянд, "ман кӯлобиюм, ҳукумат аз ман аст ва ба ман ҳама кор мумкин аст. Онҳо одамонро таҳқир мекунанд, мезананд ва ҳатто ҷояш ояд, мекушанд. Ин чӣ сулҳ аст, ки гурезаҳоро аз Афғонистон оварданд, дар Хатлон ғуломвор кор фармуданд, ҳосилашонро гирифтанду чизе надоданд, бечораҳо рафтанд ба Русия боз барои ғуломӣ. Ҳар рӯз аз он ҷо тобути ҷавонони тоҷикро меоранд. Онҳоро дар Русия мекушанд, ҳатто месӯзонанд, чӣ қадари онҳо дар маҳбасҳои Русия шиканҷа мешавад, вале мо дар бораи сулҳ сӯҳбат мекунем."

"Ба фикри ман, барои он ки ҷанг такрор нашавад, бояд ҳам ҳукуматдорон ва ҳам мухолифон як бор ба халқ рӯ оранд. Бубинанд, ки халқ чӣ мехоҳад, дарди халқро бифаҳманд. Он гоҳ сулҳ ба даст меояд. Ва ҳар кас ҳам бояд барои ҳаққи худ мубориза барад. Онки мардуми мо хомӯш меистад, ба маъное нест, ки ҳама чиз хуб аст. Халқи мо аз гуфтан метарсад."

Бо вуҷуди ин изҳориназарҳо, натиҷагирии ниҳоӣ аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон шояд ҳанӯз зудҳангом аст. Вале як хулоса метавонад ҷой дошта бошад, ки таҳлилгарони мухталиф дар миён мегузоранд: Таърих дар ивази азобу уқубаташ ба халқи тоҷик шонси нодире дода буд, ки дар хунбаҳои шаҳидонашу оби чашми кӯдаконаш як ваҳдат ва эҳёи ҳақиқии миллӣ, як ҷомеъаи мадании боадолат ва инсонпарвар, як давлати соҳибистиқлол, васеъпоя ва коро, як кишвари пешрафта ва шукуфон ба даст орад. Оё аз ин имконият истифода шуд ё на, суолест, ки ҷавобашро ҳар кас ҳар рӯз дар пеши назари худ мебинад...
----------------------------------------
Ва дар поварақи вижабарномаи "Фақат ба хотири сулҳ" чанд нақли қавли дигар.

Нахуст Аслиддини Соҳибназар, ки дигар дар қайди ҳаёт нест: "Расулов, Маҳккамов, Набиев, яъне раҳбарони собиқи Тоҷикистон наметавонистанд, як котиби райкомро бе иҷозаи Маскав аз кор гиранд ё таъин кунанд. Имрӯз ин чизҳо дар дасти худи ҳукумати Раҳмонов аст ва он метавонад, беҳтаринҳоро дарёфт кунад ва сари мансаб гузорад. Мутаассифона, дар тӯли даҳ соле ки мо мебинем, бисёр шахсоне ки дар ҳукумат кор мекунанд, аз ӯҳдаи кор намебароянд, вале аз як мансаб ба мансаби дигар таъин мешаванд. Ин як сабаби вазъи имрӯзаи иқтисодии кишвар аст. Аз тарафи дигар, ҳама чиз ба дасти як шахси алоҳида аст, ки ин хилофи усули демократист. Давраи Раҳмонов метавонист, беҳтарин давраи пешрафти кишвар шавад, дареғ, ки ин имкониятро аз даст доданд."

Абдулмаҷид Достиев, ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия: "Ошуфтаҳолӣ ва алам аз дили мардуми мо нарафтааст. Аз дили он шахсе, ки фарзанд, бародар ё хоҳарашро куштаанд ё хонаашро оташ задаанд, ҳаргиз ҳам намеравад. Доим хафви ин вуҷуд дорад, ки аз ҳамин ошуфтагии байни одамон истифода баранд. Ва раҳбарони ҳамаи сатҳҳо бояд ғуломи сулҳи Тоҷикистон бошанд ва тамоми корро кунанд, ки дар ҳама ҷо адолат ба маънои томаш риоят шавад."

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси бахше аз ҳизби демократ, ҳоло дар маҳбас: "Сулҳи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро нашуд, хусусан аз тарафи ҳукумат. Аммо кишварҳои кафил ва сиёсатмадорони тоҷик дар ин бора садое баланд накарданд. Ва аз ин беэътиноии кафилони сулҳи Тоҷикистон ва бемасъулиятии масъулони сулҳ истифода карда, ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистон ба нуктаҳои асосии сулҳи кишвар зарари ҷиддие оварданд, ки фикр мекунам, ояндаи хуб надорад барои Тоҷикистон."

Додҷони Атовулло, журналист, муассиси ҷумбиши "Ватандор": "Аслан калимаи "сулҳ" мисли калимаҳои "озодӣ", "истиқлолият", "адолат" ва " демократия" ва ғайра бисёр калимаи мафтункунанда ва ҷаззоб аст. Аз ин рӯ мардум дар Тоҷикистон ба мафҳум сулҳ эҳтиром мегузоранд. Лекин сулҳи Тоҷикистон ба як савдои сиёсӣ бадал шуд ва бадбахтона, агар дар замони ҷанг 150, 200 ё ки 300 ҳазор гуреза доштем, ҳоло беш аз 1 миллион нафар тоҷик ватани худро тарк кардааст. Ва замони оғози сулҳ агар дар ҳукумати Тоҷикистон одамон аз минтақаҳо ва гурӯҳҳои гуногун дар ҳукумат буданд, имрӯз он ба ҳукумати як деҳа бадал шудааст."

Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон: "Агар касе фикр кунад, ки созишномаро метавон ба архив супурд, ба он барнагашт, ба он аҳамият надод, вай хато мекунад. Аз нигоҳи мо нақзи созишнома дар гузашта ва имрӯз бештар дар масъалаҳои сиёсӣ аст. Агар дар оянда, масалан, боз ҳам интихоботҳо ба он шакле гузаранд, ки интихоботи порлумонӣ гузашт, мо онро боз ҳам нақзи созишнома хоҳем шумурд. Ва фикр мекунем, ки рӯҳияи созишномаи сулҳ бояд ҳамеша дар фазои сиёсии Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад."

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: "Вобаста ба авзоъи ноороми сайёра ва доман паҳн кардани терроризм ва экстремизм дар баъзе кишварҳо ва доираҳои муайяни сиёсатшиносон равияи номатлуб ва беасоси гунаҳкор кардани дини ислом ҳамоно идома дорад. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани ислом ва махсусан мардуми мусулмон инчунин ба ҳар гуна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯи ақлу инсоф нест."

Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисодиёти Тоҷикистон аз тарафи оппозисюн: "Агар мо ба кишварҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронданд, нигоҳ кунем, мебинем, ки ин кишварҳо бисёр тез пеш рафтанд, аз он ҷумла хеле озоду демократӣ шуданд. Мо умедворем, Тоҷикистон ҳам аз ин ҷанги шаҳрвандӣ сабақ бигирад ва бояд мо дигар иштибоҳҳоеро, ки дар ин вақт барои аз байн бурдани ҳарифони сиёсии худ кардем, такрор накунем, ҷомеаи Тоҷикистон низ бояд рӯз аз рӯз демократитар шавад, бояд ҳамаи қавмҳо, ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дар идораи кишвар саҳм дошта бошанд, бояд беҳтарин афрод ба мақомҳои раҳбарии кишвар ҷалб карда шаванд... Ин роҳи пешгирӣ аз ҳама гуна бӯҳрон аст..."
XS
SM
MD
LG