Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Маркази мардикорони ихроҷшуда


FM

Дар ҳоле ки шумори муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ аз кишварҳои дигар дар ҳоли афзоиш аст, Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони байнулмилалии муҳочират (MIM) бахши кор бо ашхоси ихроҷшударо таъсис дод.


Ин дар холест, ки, ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, раҳбари Маркази муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон, аз теъдоди зиёда аз 50 ҳазор мардикори тоҷик, ки ахиран ҷиҳати кор ба Русия рафта буданд, дар ҳоли ҳозир тақрибан 90 дарсадашон аз тарафи мақомолти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз ин кишвар ихроҷ (депортатсия) шудаанд.


Маҳмуд Нодирӣ, раҳбари намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, таъкид кард, ки, бидуни шубҳа, фаҳмонидани ҳуқуқу вазифаҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ба онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои эшон дар ин кишварҳо зарур аст, ва аз ин рӯ таъсиси Маркази муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон саривақтӣ ва тақозои вақту вазъияти феълӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG