Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости модарони суғдӣ барои афви фарзандонашон


MI

Гурӯҳе аз занони вилояти Суғд, ки фарзандон ва шавҳаронашон дар зиндонанд, бо ирсоли як нома ба Президенти Тоҷикистон хостори афви пайвандонашон шудаанд.
Ин модарон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ субҳи рӯзи душанбеи 25 - уми июн гуфтанд, ки фарзандон ва шавҳарони онҳо бо ҷиноёти вазнини алайҳи давлати Тоҷикистон ва дигар гуноҳҳои вазнин ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуда ва теъдоде размандаҳои собиқ мебошанд, ки ҳамакнун аз Қонуни нави афв барканор мондаанд.

Муҳаммадҷонова Раъно, яке аз онҳо мегӯяд: «Писари ягонаам - Рустамро дар 18 – солагиаш ба 17 соли ҳабс маҳкум карда буданд. Акнун 9 сол аст, ки вай дар маҳбас. Шавҳарам аз ғаму андӯҳ вафот кард. Акнун таягоҳи ягонаи ман ҳамин писарам мондааст. Ҳамчун як модар аз президент хоҳиш мекардам, ки гуноҳи писарамро афв ва ақаллан мӯҳлати ҳабсашро кам кунад.»

Модарони суғдӣ инчунин гуфтанд, ки ба хотири афви фарзандон ва шавҳарони маҳбуси худ ба бархе аз намояндагиҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар Суғд, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ҷиҳати ҳамкории ин созмонҳо бо давлати Тоҷикистон дар ин росто муроҷиат кардаанд.


Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG