Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоби 100 бӯсаи обдор


Танзҳои гузаштаи ҳунарпеша ва дромнависи саршиноси тоҷик Нуруллоҳи Абдуллоҳро дар бахшҳои гузаштаи барнома шунидаед. Вале ин бор ҳаҷвияи ӯ аз чанд ҷиҳат фарқ дорад. Аввалан ба қарорҳои охири танзими расму оинҳои миллӣ пайванд мегирад, сипас ба вазъи зиндагии рӯзмарра дар Тоҷикистони азизу хурраму сарсабзу ҷоноҷону ва ғайраву ҳоказо ва баъдан ба он ки вақте "беҳтарин" мардҳои кишвар дар Русия мардикорӣ мекунанд, занони онҳо дар Тоҷикистон бо чӣ машғуланд ва пасонаш ба мардҳои бозорнишини кишвар, ки ин занҳо ҳаррӯза аз онҳо меваю ширу ва ғайраву ҳоказо мехаранд...

Хуллас, дар як шӯхии кӯтоҳ хоҳед тавонист, симои имрӯзаи кишвари хешро дид. Ҳам бо тамоюлҳои гузашта ва ҳам бо навгониҳои тозааш...

Аслан, танзро муаррифӣ карда намешавад. Беҳтар аст, ин ҳаҷвияи кӯтоҳу намакинро худ шунаведу кайф кунед. Барои ин кори зиёд зарур нест. Танҳо ҳамин калимаеро, ки дар поён аст, "ангушт" занед, он гоҳ акаи Нуруллоҳ худаш бо хандаву шӯхӣ воқеъаро бароятон қисса мекунад. Якуним дақиқаи дилхушӣ ба Шумо зиён надорад, вале табъатонро болида хоҳад кард ва дили баъзеҳоро ба шӯр хоҳад овард...

Сад бӯсаи обдор
XS
SM
MD
LG