Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Ҷексон:Сармоягузории Бритониё дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.


МҶ: «Бунёди Силк роуд ё худ Роҳи Абрешим ширкатест, ки ба маблағгузории соҳоти саноъати куҳӣ ба монанди истихроҷи сангҳои қиматбаҳо ва нафту газ таваҷҷӯҳ дорад. Дар тӯли 2 рӯзи ахир мо бо намояндагони вазорати саноъат ва энержӣ, корҳои хориҷӣ ва геологияи тоҷик мулоқот доштем. Ҳадафи мо муаррифии кору пешниҳодҳои худ дар самти рушди ҳамкориҳои иктисодӣ ба мақомоти Тоҷикистон буд. Пешниҳоди мо агар аз як сӯ аз сармояи зиёд иборат бошад,аз тарафи дигар ба манфиати мардуми одист.»




Суол: Оё пешниҳоди шумо чи гуна пазируфта шуд ва то куҷо Тоҷикистон ба ҳамкорӣ омода аст?




МҶ: "агар ба натиҷаи ҳамаи ин мулоқотҳо назар афканем, хулоса баровардан мумкин аст, ки моро хуб дастгирӣ мекунанд ва ҷониби Тоҷикистон омодааст,ки барои амалӣ сохтани нақшаҳоямон, кӯмак расонад"


Суол: Коршиносони умури иктисод мегӯянд тоҷирони бритониёи на танҳо дар соҳаи маъдан, балки дар риштаҳои саёҳӣ, тавлиди маводи ғизоӣ ва амсоли инҳо низ метавонанд ҳамкорӣ кунанд. Бигуед, ки сармоягузорони бритониёи ба кадом соҳоти иқтисодии кишвар бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд?



МҶ «Ғолибан ба саноъати куҳӣ, ба монанди истихроҷи тило таваҷҷӯҳ доранд. Гурӯҳи тоҷироне, ки маро ҳамроҳӣ мекунанд, намояндаи ҳукумат нестанд, балки соҳибкорони хусусианд ва танҳо бо саноъати маъдан сару кор доранд".


Суол: Ахиран сафорати Бритониё изҳор дошт, ки як гурӯҳи сармоягузорони бритониёи мехостанд дар соҳаи маъдан дар Тоҷикистон фаъолият кунанд, аммо бо сабаби он ки барои гирифтани хатти муҷаввиз фурсати зиёд сарф кардаанд, аз ин ҷо ноумед шуда ба дигар кишварҳо рӯ овардаанд. Бигуед, ки то куҷо қавонини марбут ба молиёт ва гумруки Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои минбаъда мусоидат мекунад?



МҶ:"Шояд қаблан ҳам қонунҳо ва ҳам муҳити сармоягузорӣ чандон идеалӣ набуданд. Аз мулоқот бо масъулин мо шунидем, ки Тоҷикистон дар нақша дорад ки алайҳи бюрокрасӣ ва фароҳам овардани муҳити солими сармоягузорӣ кӯшиш кунад. Мо аз шунидани ин шод шудем, зеро яке аз ҳамроҳони мо аллакай дер боз интизори гирифтани иҷозати кор дар Тоҷикистон аст. Аммо мо бо ҳамкории ширкати «Седл бек» корамонро шурӯъ кардаем. Ҳафтаи ҷорӣ корҳои иктишофӣ дар Мастчоҳи кӯҳна оғоз шуданд, фикр мекунам баъди иктишоф тилои хуб ба даст меояд ва мо ба сохтани корхонаи истихроҷи тило шурӯъ мекунем. Мо дар он ҷо корамонро аз сифр шурӯъ кардем, роҳ сохтем ва ҳудуди 100 нафарро ба кор қабул кардем»



Суол: Ба гуфти коршиносон дар ҳама навъи тиҷорат амнияти молӣ ва кафолати ба даст овардани манфиат муҳим аст. Бигуед, ки оё то куҷо чунин амният ва кафолатро дар Тоҷикистон эҳсос мекунед?



МҶ: Ин суоли муҳим аст, зеро ширкати мо дар Бритониё барои ҷалби сароягузорон Тоҷикистонро зиёд тарғиб мекунад. Феълан сармоягузорони бритониёи омодаи ворид кардани пулҳои худ ба Тоҷикистон ҳастанд ва мо бовар дорем, ки амният дар ин ҷо таъмин ҳаст. Мо дар ин ҷоем ва гуруҳи бузурге аз саромоягузорон омодаанд, ки ба ин кишвар маблағгузорӣ кунанд, ин худ вазъро равшан мекунад.
XS
SM
MD
LG