Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози модарони собиқ размандаҳои мухолифин


Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе таҷаммӯъи гурӯҳе аз занону модарони собиқ размандагони мухолифини тоҷикро дар назди дафтари таҳкими сулҳи СММ дар шаҳри Душанбе пароканда сохтанд.Ин гурӯҳи беш аз бист нафара имрӯз, 22 - юми июн барои раҳоии фарзандону пайвандони худ аз маҳбасҳои Тоҷикистон дар баробари дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон ҷамъ ва хостори он шуданд,ки ниҳоди мазкур дар ин амр ба онҳо мусоидат намояд. Владимир Сотиров раҳбари дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон бо намояндаи занону модарони собиқ размандагони мухолифин мулоқот ва арзи онҳоро шунидааст.Оқои Сотиров дар посух ба тақозои занону модарони ҷамъ омада иброз доштааст,ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи худ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қасд дорад масъалаи раҳоии фарзандону пайвандони модарони ҷамъ омадаро низ матраҳ намояд. Дар ҳамин ҳол яке аз модарони дар таҷаммӯъ ширкат дошта дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ҷамъи ҳамроҳони ӯ баъд аз бозпурсии мақомоти интизомӣ дар мавриди мушкилоти эшон аз боздоштгоҳ раҳо шуданд.
XS
SM
MD
LG