Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои низомии Амрикову Тоҷикистон вусъат меёбанд


Адмирал Уилям Феллон, раҳбари фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар пайи як боздиди расмӣ дар Тоҷикистон аст, ба дунболи мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сатҳи ҳамкориҳои низомии ин ду кишварро мусбат арзёбӣ кард.


Оқои Феллон ҳадафи аслии боздидаш Тоҷикистонро аз ошноӣ ба вазъи ин кишвар медонад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон ба анҷоми амалиётҳои низомии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дар маҷмӯъ Эътилофи Атлантики шимолӣ дар Афғонистон кумак мерасонад ва дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили ҳакориҳои минбаъда дар бахши низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: «Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид кард, ки суботи Афғонистон барои кишвараш муҳим аст. Ҳамзамон мо масъалаи ҳамкориҳои низомии Амрикову Тоҷикистонро баррасӣ кардем, зеро президент Раҳмон ба ин махсус ишорат кард. Ва мо омода ҳастем ба Тоҷикистон дар масоили мавориди таваҷҷуҳи кишварҳоямон кумак расонем».


Уилям Феллон ҳамчунин ба омодагии кишвараш дар мавриди бозомӯзии низомиёни тоҷик, бо шумули сарбозон, ишорат кард.


Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик боздиди ин низомии баландмақоми амрикоиро як амри муқарарӣ арзёбӣ карда, бар ин боваранд, ки ҳадаф аз ин сафар афзоиши ҳузури низомӣ ва сиёсии ИМА дар Тоҷикистон ва минтақа нест.


Ин дар ҳолест, ки бо хориҷ шудани марзбонони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон Амрико ҳаҷми кумакҳои фаннии худ ба марзбонони тоҷикро афзоиш додааст. Масалан, ҳафтаи гузашта дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон расми ифтитоҳи ду дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор шуд, ки бо пуштибонии молии Амрико дар ҳаҷми беш аз 600 ҳазор доллар бозсозӣ шудааст. Ҳамчунин қарор шудааст, ки дар нимаи дувуми соли ҷорӣ бо дастгирии молии ин кишвар бузургтарин пули болои рӯдхонаи Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо харҷи бештар аз 30 миллион доллар ба истифода дода шавад.

Барот Юсуфӣ, Душанбе.
XS
SM
MD
LG