Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэвид Петреус: «Таъмини суботи Ироқ кори як ё ду сол нест»


Фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ Дэвид Петреус эътироф кардааст, ки таъмини суботу амният дар ин кишвар дар як ё ду сол сол ғайриимкон аст.


Дар як мусоҳибааш бо шабакаи телевизонии «Фокс Нюс» ӯ изҳор кард, ки пирӯзӣ аз болои ошӯбгарон шояд даҳ сол тӯл бикашад. Ҳамзамон ӯ иброз дошт, муҳлати ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, қабл аз ҳама, ба иродаи мақомоти ин кишвар марбут аст.
XS
SM
MD
LG