Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои Барномаи кори шоиста дар Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи корфармоёни ин кишвар ва Созмони ҷаҳонии кор дар мулоқоте дар Женев Барномаи кори шоиста дар Тоҷикистонро ба имзо расонданд. Ин барнома ҷорӣ шудани меъёрҳои байнулмилалиро дар бозори кори Тоҷикистон дар солҳои 2007 то 2009 дар бар мегирад.


Тибқи он ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин вазифадор мешавад, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони иқтисодии худ дар кишварҳои дигар ҳимоят кунад ва муҳоҷирати ғайриқонуниро ба танзим орад.


Созишномаи нав инчунин ҳукумати Тоҷикистонро масъул медонад, ки ба истисмор дар кор, бахусус истисмори кӯдакон ҷилавгирӣ карда, ба омӯзиши касбу ҳирфа мусоъадат намояд.


Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон санади байнулмилалиро вазири шуғл Шукурҷон Зуҳуров, аз тарафи корфармоён Азизбек Шарифов, иттиҳодияҳои касбӣ Карчи Каримов ва аз номи Созмони ҷаҳонии кор Фридрих Бутлер ин созишномаро имзо карданд.
XS
SM
MD
LG