Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Зарафшон»-ро кӣ тилоӣ хоҳад кард?


фб

Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ба як ширкати чиноӣ фурӯхтани бархе аз саҳмияҳои корхонаи тилои «Зарафшон»-ро таъйид кард.


Ба қавли як масъули ин сафорат, бо иллати онки гирифтани муҷаввиз барои фаъолияти ширкатҳои тиҷорӣ тӯлонист, сармоягузорони бритониёӣ аз сармоягузорӣ дар конҳои Тоҷикистон даст хоҳанд кашид.


Ин ҳам дар ҳолест, ки интизор меравад, Майкл Ҷексон, генерали мустафъӣ ва собиқ раҳбари ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё, ҳафтаи оянда дар раъси як гурӯҳи тоҷирону сармоягузорони ин кишвар ба Тоҷикистон меояд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин сафар мусоъидат ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши саноъати кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла кашфи тило, арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG