Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири СУЛҲ (Фасли 4)


Барномае бахшида ба 10-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон

Дар даври аввали гуфтушунид ҳарду ҷониб ултимотумҳои худро рӯи миз гузоштанд. Ҳукумат оташбаси беқайду шарт ва бозгардони паноҳандагонро талаб кард. Мухолифон истеъфои Шӯрои олиро хостанд ва гуфтанд, ҳеч тарафе ба танҳоӣ наметавонад, кишварро идора кунад.
-------------------------------------------------------------------------------------------

Устоди илми ҳуқуқ дар Донишгоҳи Улстер, Кристина Белл дар рисолааш зери унвони "Созишномаҳои сулҳ ва ҳуқуқи инсон", чопи Донишгоҳи Оксфорд, се давраи сулҳро ингуна муайян кардааст:

- Тавофуқҳои пеш аз гуфтушунид.
- Чаҳорчӯб ва ҷавҳари ризоияти ҷонибҳо.
- Паймони шеваи иҷроиши ҳалномаҳо
.

Тарафҳои тоҷик пеш аз гуфтушунид, тавофуқ карданд, ки паси миз менишинанд. Бидуни ин музокирот номумкин буд. Аммо онгуна ки оғози ҷанги Тоҷикистонро коршиносон ба гиреҳ хӯрдани сабабҳои зиёд ва гуногун дар як маҳдудаи танги маконӣ ва замонӣ, он ҳам дар як дар ҷомеаи бераҳбар, пароканда ва хушунатзада бастагӣ медиҳанд, сулҳи Тоҷикистонро низ натиҷаи буруз ва печиши тамоюлҳои гуногуни дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, на ҷанги Тоҷикистон ихтиёрӣ буд ва на сулҳи он.

Шояд ин аст, ки ширкаткунанда ва муҳаққиқи сулҳи Тоҷикистон Иброҳими Усмон мегӯяд, паси миз нишастани тарафҳо як амали маҷбурӣ намудор мешуд: "Агар аз нигоҳи соли 1993 ва ибтидои соли 1994 ба воқеъаҳо нигоҳ кунем, на танҳо ҳукумат, балки тарафи мухолифин ҳам омодаи музокирот набуд, намехостанд ин чизро. Душворӣ дар ҳукумат ҳам буд, ки мамлакат мутамарказ набуд. Ноҳияҳо ва вилоятҳо на ҳама ба марказ тобеъ буданд дар соли 1993 ва 94. Пул набуд дар Тоҷикистон. Теъдоди зиёди мардум гашта рафта буданд. Ин душвории ниҳоят сахте буд, ки давлатро маҷбур мекард, роҳи аз он баромаданро ёбад. Аммо барои мухолифин саргардонии мардум дар хориҷ аз кишвар бисёр душвор буд. Тарси он буд, ки онҳо ба ватан бармегарданд ва худи сиёсиҳо танҳо мемонанд дар он ҷо. Махсусан баъд аз ташкил шудани радиои "Хоки ватан" ин бештар эҳсос мешуд. Аз ҳамин сабаб, ҳарчанд онҳо ҳам тайёр набуданд, ба хотири ин ки маҳз аз ҳамин варта халос шаванд, омодагии худро ба музокирот эълон карданд. Лекин ҳарду ҷониб ҳам вақте омодагии худро изҳор кард, дар моҳият аслан ин омодагӣ набуд ва маҷбурӣ буданаш маълум шуда меистод. Дар фикри ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама мақсад аз музокирот бозгардондани гурезаҳо ба Тоҷикистон буд, на проблемаи дигар. Агар ин масъала ҳал шавад, албатта, ҷиҳати иқтисодии Тоҷикистон ҳам беҳтар мешавад. Дар пешниҳоди тарафи мухолифин қабл аз ҳама ташкил кардани Шӯрои давлатӣ ва боздоштани фаъолияти Шӯрои олии Тоҷикистон, ки он вақт мақоми ягонаи давлатӣ буд, яъне раиси Шӯрои олӣ раҳбари Тоҷикистон буд. Яъне инро ҳамин хел бояд фаҳмид, ки ихтиёрӣ набуд ва омилҳое буданд, ки онҳоро вомедоштанд, ки чашм пӯшанду ба гуфтушунид сар кунанд."

Вале намояндаи дигари ҳукумат дар гуфтушуниди сулҳ, Абдулмаҷид Достиев мегӯяд, ҳукумати нав, ки дар иҷлоси Хуҷанд таъсис ёфт, аз оғози кораш бо вуҷуди мухолифати шадиди қумондонҳои худ, ки соҳибони амалии қудрат дар кишвар буданд, хостори гуфтушунид бо онҳое буд, ки ватанро тарк кардаанд: "Аллакай аз нимаи дуюми соли 1993 ҷустуҷӯи ин роҳҳо аз ҷониби ҳукумат оғоз шуда буд. Бисёре аз намояндаҳои ҳукумат ва онҳое ки барояшон эътимод доштем, шахсони боэътибори минтақаҳо дар аввал на он қадар ошкоро, ба таври гӯем, конфидентсиал, фиристода мешуданд, ҳам ба Маскав, ҳам ба Ашқобод, ҳам ба Тошканд, ҳам ба Алмато, Афғонистон, ки роҳҳо ва алоқаҳоро ёбанд. Инҳо, Қозидавлат Қоимдодов, Шукурҷон Зуҳуров, ба Афғонистон бошад, Сангиаҳмад Зауров, Талбак Садриддинов ва писараш ва бисёри дигарон. Ба Тошканд ҳам рафтанд. Мо хабар доштем, ки як қисми роҳбарияти мухолифин ҳозир дар Тошканд аст гуфта, он ҷо ҳам фиристодем, ки ёбанд. Ёбанд, ҳамроҳяшон гап зананд ва ба ин восита сари мизи гуфтушунид шинем бо роҳбарияти оппозитсия."

Бархе аз чеҳраҳои саршинос мегӯянд, дар ҳақиқат фиристодагони ҳукумат ба суроғи онҳо омада буданд, аммо на дар соли 1993, балки дар соли 1995, як моҳ пеш аз оғози гуфтушунидҳо. Чунончи, намояндаи давлат Қозидавлат Қоимдодов гуфтааст, вазифаи ӯ ин буд, ки ҳамдиёронаш, зодагони Бадахшонро ба ватан баргардонад. Бархе аз фиристодагони дигар низ бештар бо фишор ба эҳсосоти маҳалгароёнаи тоҷикон, ки баъд аз ҷанг ба авҷи худ расида буд, онҳоро тарғиб мекарданд, аз ҳукумати нав пуштибонӣ кунанд. Бӯрӣ Карим дар китобаш "Фарёди солҳо" менависад, 15-уми марти соли 1995 вазири амнияти миллии Тоҷикистон, Саидамир Зуҳуров, ӯро дар як меҳмонсарои Маскав ба мулоқот хоста, гуфтааст, ҳукумат мехоҳад Бӯрӣ Карим ба Тоҷикистон баргардад. Зуҳуров шарҳ додааст, ки мақсад тақсим кардани оппозисюн ба ду қисмат аст: осоишта ва оштинопазир. Осоиштаҳо бояд баргарданд...

Матбуоти Тоҷикистон пайваста аз бозгашти паноҳандагон ба воситаи гузаргоҳи Панҷи Поён-Шерхон-Бандар хабар медод ва бархе аз намояндагони оппозисюн мегуфтанд, бо ҷой афтодани муносибатҳои гарм миёни Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти вақти Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ мумкин аст, оппозисюн аз пойгоҳи иҷтимоӣ ва фишанги таблиғотии худ, яъне паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон маҳрум шавад. Вале Саид Абдуллоҳи Нурӣ мегуфт, аскари сарони мухолифон бар ин буд, ки набояд таърихи солҳои 20-30 такрор шавад ва биноан ҷанг дар ин ҳолат роҳе ба сӯи сулҳ шумурда мешуд:

"Мо чунин фикр кардем, ки барои бақои ин миллат, барои ҳифзи садҳо ҳазор муҳоҷире, ки бо вуҷуди сахтиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар шимоли Афғонистон дар ин минтақа паноҳ ёфта буданд ва барои ҳифзи ҳуқуқи наздик ба як миллион нафаре ки дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд, барои бақои онҳо ва бозгашти сарбаландонаи онҳо, мо ҳақ надоштем, ором биншинем ва ё аз пайи зиндагии худ бошем. Мо худро масъули ин ҳол мешумурдем. Ва барои дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанони худ роҳи дигаре надоштем, ба ҷуз ин ки амалиёти низомиро шурӯъ кунем. Бинобар ин гурӯҳҳои пароканда ва маъюсшудае ки баъд аз шикаст дар ҷангҳои дохили Тоҷикистон, ба ин тараф, ба Афғонистон гузашта буданд, онҳоро даъват кардем ва як низому тартибе ташкил кардем ва алҳамдулиллаҳ, тавонистем, гурӯҳҳои зиёдеро сарҷамъ кунем, онҳоро мусаллаҳ кунем ва ҷиҳоду муборизаро шурӯъ кунем. Хуб, дар ҳақиқат ҳам ҳамин ҷиҳоду муборизаи мо боиси он гардид, ки бори дигар ин миллати ҷафокашидаро ин абарқудратҳо бишиносанд. Албатта, дар он рӯз ҳам гуфтем, ки мо ҳам ҷангҷӯ нестем. Мо касоне ҳастем, ки болоямон ҷанг таҳмил шудааст, аз диёрамон ронда ва маҷбур ба ҳиҷрат шудаем. Хулоса ки ҳамин муборизаҳои мо имрӯз, масалан, пешравиҳои мо дар Бадахшон, дар Вахиё боиси он гардид, ки сардамдорони режими Душанбе, ки борҳо эълон карда буданд, ҳаргиз намехоҳанд, бо мо бишинанд ва ҳатто Русия ҳам ин чизро намехост, инҳо маҷбур шуданд, бо мо сари мизи гуфтугӯ нишинанд."

Манзури ҷаноби Нурӣ аз нишастан бо Русия мулоқоти ӯ бо Евгений Примаков, раиси вақти Идораи истихбороти хориҷии Русия дар Кобул ва мулоқоти Анатолий Адамишин, ноиби вазири умури хориҷии Русия бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар Теҳрон буд.

Худи ҷаноби Адамишин мегӯяд, гурӯҳи хурде дар Вазорати корҳои хориҷии Русия инро дарк мекард, ки Тоҷикистон дар вазъи фалокатбор қарор дорад ва гуфтушунид ягона роҳи ҳал аст. Биноан вай дар баҳори соли 1994 омодаи сафари Теҳрон шуд ва дар сӯҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов ӯро дар ҷараён гузошт:
"Ва ман он вақт мебоист Раҳмоновро мутақоид мекардам, ки ба ин кор, яъне сафари ман ба Теҳрон ҳамчун қадами аввал ризоият диҳад. Гап дар он буд, ки оппозисюн он вақт намехост, бо ҳукумати Тоҷикистон мустақиман вориди гуфтугӯ шавад ва мегуфт, бояд бо Русия музокира кунад. Раҳмонов дилу нодилон розӣ шуд. Аммо вақте ман мегуфтам, барои беҳбуди ин қадам бояд фармони ҳукумат, ки тибқи он сарони оппозисюн ғайриқонун ва ҷинояткорони давлатӣ эълон шудаанд ва парвандаҳои ҷиноии зидди онҳову дастури ҳабси онҳо беэътибор шаванд, вай розӣ нашуд. Бо вуҷуди ин дар моҳи марти соли 1994 ман ба Теҳрон сафар кардам ва бо сарони оппозисюни мусаллаҳ, ки дар он ҷо буданд, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода мулоқот кардам. Аммо пеш аз он мебоист ин иқдомро ҳамчунин бо Узбакистон ҳамоҳанг мекардам, зеро Тошканд ба вазъият дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ дошт. Гуфтушуниди мо бо Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода ду рӯз идома кард ва хеле сахту сангин буд, аммо гирифтани ризоияти онҳо муяссар шуд."

Таги дили онҳое ки ниҳоят бо фишори дигарон аз чаҳорум то 19-уми апрели соли 1994 дар Маскав паси як миз нишастанд, ҳанӯз маълум набуд, вале гуфтугӯ аз табодули ултимотумҳо сар шуд. Ҳукумат худро пирӯз медонист ва оташбаси беқайду шарт ва бозгардони паноҳандагонро талаб мекард. Мухолифон истеъфои Шӯрои олӣ, яъне ҳукуматро мехостанд, зеро мегуфтанд, дар иҷлоси Хуҷанд бо вуҷуди даъвату ваъдаҳои барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ як табаддулоти порлумонӣ ба амал омад ва ин ҳукумат ғайриқонунӣ буда, кишварро идора карда наметавонад. Бахусус дар танҳоӣ.

Дар зоҳир тарафҳо аз сулҳ мегуфтанд, аммо дар амал ҳамдигарро таъна мезаданд ва ё бо истифода аз минбари ҷаҳонии гуфтушунид ба таҳкими эътибори сиёсии худ машғул буданд.

Дар ҳоле ки дар ин ҳамоиш корпояи нишастҳои оянда ба тасвиб расид, маълум шуд, ки гуфтушунид дар навбати аввал ба манфиати оппозисюн аст, зеро ҳукумат дар мавқеъи дифоъист ва ба нақзи ҳуқуқи бахши бузурге аз аҳолӣ айбдор мешавад. Ҳукумат дар ин гуфтушунид ҷои гашти зиёд надошт, аммо имкониятҳои сиёсии он дар дохили кишвар ва истифодаи он аз пуштибонии ҳамаҷонибаи Русия нирӯмандаш мекарданд. Оппозисюн баракс дар дохили кишвар ҳанӯз имкониятҳои кам дошт, аммо гуфтушунид барояш саҳнае буд, ки битавонад, ҳам худро аз иттиҳоми бунёдгароии исломӣ пок кунад ва ҳам заъфҳои ҳукуматро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи ховаршиноси фаронсавӣ ва нахустин намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистони соли 1993, Оливер Руа, ҳукумат майле ба оштӣ надошт: "Вазъият хеле печида ва хеле мушкил буд, чунки аз тарафи ҳукумат ҳусни ният кам буд. Албатта, оппозисюн шикаст хӯрда буд ва дар Афғонистон буд, аммо аксарияти ҳукумат -- мардумони кӯлобӣ, тарафдори оштии миллӣ набуд. Ба ин сабаб боз солҳо лозим буд, то ки ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гирифт, ки бояд оштии миллӣ бисозад."

Ба ақидаи ҷаноби Руа, оппозисюн буд, ки бештар ба гуфтушунид ниёз дошт ва ҷангро ҳамчун омили фишор барои гуфтушунид истифода мекард. Тарафи ҳукумат инчунин аз эҳтимоли бозгашти оппозисюн ва интиқоми ҷавобии он бо мақсади тақсими дигарбораи моликият ва имтиёзҳо меҳаросид. Вале оппозисюн чи мегуфт? Раиси ҳайъати музокиракунандаи он дар даври аввал Отахон Латифӣ: "Ақидаи мо ин аст, ки бигзор дар ин Шӯрои давлатӣ аз тарафи оппозитсия ва Шӯрои олии имрӯза баробарӣ аз нуқтаи назари ноҳияҳо, вилоятҳо, ҳизбҳо ва ҷумбишҳои ҳаматарафа мавҷуд бошад ва он бояд ваклоати қонунгузорӣ дошта бошад. Дар зери ҳамин Шӯрои давлатӣ ҳукумати муваққатӣ даркор аст. Мо намегӯем, ки аз ҳукумати имрӯза ҳамаи вазирон ба истеъфо раванд. Бояд дар ҳукумат он касоне бошанд, ки дар задухӯрдҳои бародаркушӣ иштирок накардаанд. Ин одамон бетарафанд ва ин як шарти ҳукумати муваққатӣ аст ва дуюм, бояд ки онҳо кордон бошанд ва соҳаи худро идора карда тавонанд. Ва дар ҳамин давраи гузариш бояд тарҳи қонуни асосӣ ба муҳокима пешниҳод карда шавад, гурезаҳо ба ватан бозгарданд, силоҳро аз дасти мардум бояд гирифт. Ҳам оппозитсия бояд силоҳашро супорад ва ҳам як хел қувваҳое, ки ҳоло гӯӣ дар вазорати умури дохилӣ, амният ва артиш ҳастанд, аммо ба онҳо боварӣ нест, низ силоҳашонро супоранд. Ин корро фақат қувваҳои сулҳҷӯ дар зери назорати Созмони Милали Муттаҳид иҷро карда метавонанд. Кадом вақте ки аз датси мардум силоҳро гирифтед, гурезаҳо бозгаштанд ва ҷумҳурияту мардуми он каме қоматашро рост мекунад, дар он вақт дар бораи қонуни асосӣ гуфтугӯ кардан мумкин аст ва дар бораи интихоботи нав низ."

Дар зимн Латифӣ ҳанӯз дар ташкили ҳукумати муросои миллӣ дар соли 1992 нақши миёнаравро бозида, он вақт лоиҳаи Эъломияи ризоияти миллии Тоҷикистонро навишта буд. Бархе аз талабҳои оппозисюн аз ҳамин матн низ машнаъ мегиранд, ки Латифӣ онро дар баҳори соли 1993 дар Теҳрон ба вазирони умури берунаи Русия ва Эрон Андрей Козирев ва Алиакбари Вилоятӣ ва дертар ба дасти фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Исмат Киттонӣ супурд. Қисми дигари талабҳои оппозисюн аз Пешниҳодҳои сулҳи 7-уми декабри соли 1993 бармеомад. Ба монанди таъсиси Шӯрои давлатӣ, ҳукумати муваққатӣ, вуруди нирӯҳои байнулмилалмии посдори сулҳ ва ғайра. Тарафи ҳукумат мегуфт, пешниҳодҳои оппозисюн хилофи қонуни асосии Тоҷикистонанд. Дар конститутсия ташкили ниҳоде монанди Шӯрои давлатӣ вуҷуд надорад. Қалъаи давлатии ҳимоят аз конститутсия замоне рахна мешуд, ки оппозисюн ин конститутсия, тамоми сохтори давлатӣ ва дигар қонунҳои кишварро ҳамчун мероси Иттиҳоди шӯравӣ рад мекард ва онҳоро хилофи давраи наву воқеъияти нави кишвар меномид. Отахон Латифӣ: "Агар мо дар ҳақиқат дар ғами ҷумҳурият бошем, бояд ба ҳамин роҳ равем, роҳи дигаре нест. Порлумоне ки имрӯз ҳаст, дар замони СССР ва ҳукумати шӯравӣ таъсис ёфта буд. Он ҳукумат ва он сохтор аз байн рафт. Аз рӯи қонунҳои байнулмилал ва аз рӯи мантиқи одии инсонӣ ин маҷлис кайҳо ваколати худро гум кардааст ва аз он ҷо ки дар шароити феълӣ баргузор кардани интихобот ё назархоҳии қонуни асосӣ на танҳо номумкин аст, балки ихтилофоту ҷудоиҳоро бештару хатарноктар мекунад, ҳоло онҳоро бояд ба таъхир гузошт ва аввал мушкили ҳамоишро ҳал кард. Ва роҳаш ҳамин аст."

Аҷобати кор ин буд, ки дар тарафи ҳукумат низ ин нуктаҳоро мефаҳмиданд ва дар пайи ҳарчи зудтар омода кардани конститутсияи нав ва баргузории интихобот буданд. Ин маъракаҳо метавонист заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии ҳукумати навро таҳким диҳад. Аммо тавре шахси дуввуми давлати онвақта Абдулмаҷид Достиев мегӯяд, ҳукумат дар тасмимгириҳояш мустақил набуд: "Қабули сарқонуни кишвар як зарурати таърихӣ ва роҳи ҳалли бисёре аз мушкилиҳо буд. Мо қабули сарқонун ва интихоботи президентро барои моҳи август мондем, Тошканд моро даъват карду гуфт, ки не, қафо баред. Аввал маҷбур карданд ҳамонҳо, ки мо ҳарчи зудтар конститутсияамонро қабул кунем, ба роҳи... дар сессия. Вақте ки ҳамаро тайёр кардему ҷомеаро тайёр кардем, ки конститутсияи нави давлати соҳибистиқлол дар сессия қабул мешавад, маҷбур карданд, ки не, референдум мекунед. Вақте ки референдум эълон кардем, боз он ҷо фарёд карданду гуфтанд, ки не, намекунед. Ин бозиҳои абарқудратҳо буд."

Президенти Узбакистон Ислом Каримов пас аз як соли ин ҳодиса дар мулоқоте бо намояндагони оппозисюни тоҷик иқрор кард, ки бо талошҳои вай ва дар ҳузури Козирев, Николаев, Степашин ва Примаков аз сарони Тоҷикистон хоста шудаст, интихоботро ба таъвиқ гузоранд. Русия ва Узбакистон он вақт дар масъалаи Тоҷикистон ҳамназар буданд. Тафовут дертар ба миён хоҳад афтод...

Дар ин замина буд, ки оппозисюн шиъорҳои ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва манофеъи миллиро дар миён мегузошт ва тарафи давлат, ки дар неокоммунизм ва тобеъияти мустамликавор ба Русияву Узбакистон айбдор мешуд, низ батадриҷ мехост ин шиъорҳоро аз дасти оппозисюн бигирад. Вале ин вазифаҳои дуртар буд, дар он рӯзҳо, дақиқаш рӯзи 20-уми июли соли 1994 Шӯрои олии Тоҷикистон мақоми президентиро аз нав барқарор ва 25-уми сентябрро интихоботи президент эълон кард.

Ливиу Бота, нахустин раиси намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле ки фиристодаи вижаи дабири кул Исмат Киттонӣ мебоист, бозигарони берунаро ба зарурати сулҳи оштӣ дар Тоҷикистон водор мекард, вазифаи ӯ иборат аз он буд, ки аз вазъи дохилӣ пайваста гузориш диҳад ва то ҷое ки имкон дорад, фазои нармише дар дохили Тоҷикистон ба вуҷуд орад. Вай мегӯяд, дар кӯчаҳои Душанбе асосан афроди мусаллаҳ мегаштанд ва ҳар шаб садои тирандозӣ ба гӯш мерасид. Одамон ҳарчанд аз ин вазъ хаста шуда буданд, хотираҳои дирӯза намегузошт санги дилашон об шавад. Яке аз аввалин корҳое ки ӯ кард, аъзои ҳукумат ва сафиронро ба консерти симфонӣ даъват намуд. Аммо созҳои окрестр монанди арғунуни зиндагии кишвар шикаста буданд ва бархеро торҳо гусаста буд ва ин ҳамаро ӯ аз ҷайби худаш харид, то аз нав суруди зиндагӣ баланду ҷӯр садо диҳад: "Ҳамеша вақте бо тоҷикон сӯҳбат мекардам, медидам, ки онҳо як ботини бисёр шоъирона доранд. Бисёриҳо рубоии Хайём мехонданд ё байте аз Ҳофиз. Ва ҳамингуна мардум ба вартаи бало афтода буд. Зӯргӯӣ ҷои шеърро рабуда буд. Ман аз худам харҷ кардам ва ин консертҳоро ба роҳ мондам. Дар театри сард аввалҳо одам кам буд, баъд бештар шуд ва барои ман ҳар бор ифтихор буд, вақте мудири театр эълон мекард, ки оркестр ин оҳангро дар торҳое менавозад, ки Бота тақдим кардааст."

Нармиши фазо ва дилҳо фақат як гӯшаи хеле хурди раванд буд ва дар ҳоле ки тарафҳои тоҷик, ба вижа дар машваратҳои Теҳрон аввалин бор созишномаи оташбасро имзо карданд, ин ҳанӯз ба маъное набуд, ки сулҳ омадааст. Ҳарчанд Абдулмаҷид Достиев мегӯяд, оташбас натиҷаи дарки ҳамсарнавиштии ду ҷониб буд. Вай он вақт дар Теҳрон ба сарони мухолифин чунин гуфтааст: "Мехоҳед, ки баъд аз ҳазору сад соли хиёнатҳои аҳди Сомниёну душманӣ ва аз хиёнати душманонамону бегонаҳо бедавлат монданамон, имрӯз давлат дошта бошем? Гуфтанд, мехоҳем. Ана ҳамон давлат имрӯз, хайр он ҷо ҳамин хел гуфтам, ки муфт, дар натиҷаи парокандашавии абарқудрат ба даст омадааст. Онҳо худашон ба корҳои худашон овораанд, вагарна намемонданд, ки мо мустақил шавем. Аммо зери фишори онҳо ҳастем ва аз ҳар сӯ мехоҳанд, моро пароканда кунанд. мехоҳанд, як вилояти шимолиро аз тобеъияти мо бароранд, Бадахшонро ҷудо кунанд, боз худамон дар ин ҷо бо якдигар хусумату задухӯрд кунем, ин давлатро дар даст нигоҳ дошта наметавонем. Агар мо миллат нашавем, ҳаққи давлатдорӣ надорем. Мо агар маҳал бошем, қаротегинӣ бошем, помирӣ бошем, кӯлобӣ бошем, зарафшонӣ бошем, ҳисорию ленинободӣ бошем, ҳаққи соҳиби давлати мллӣ буданро надорем. Имрӯз не, пангоҳ пароканда мешавем, чӣ фарқ дорад, ки чандум симчӯб аз ту ҳаст ё чандумаш аз ман?"

Вале оташбас барои ҳадафи ҳамонлаҳзагӣ муҳимтар ба назар мерасид, зеро бо фишори Русия ва Узбакистон интихоботи президентӣ ва назархоҳии қонуни асосӣ ба охири сол афтода буданду дар ин байн мебоист, дар гуфтушуниди сулҳ пешрафт ҳосил мегашт. Дар ивази оташбас, оппозисюн тавонист, шуморе аз тарафдорони зиндонии худро озод ва ҳаракати нирӯҳои ҳукуматро дар дохили кишвар маҳдуд кунад. Оташбас муваққатӣ буд ва чандон риоят намешуд ва даврҳои баъдӣ натиҷаҳои бузург ба бор наоварданд. Махсусан баъд аз даври Исломбод, ки аз оппозисюн хоста мешуд, қабули қонуни асосӣ ва интихоботи президентро, ки бо таъхир барпо шуданд ва ин таъхир ба талошҳои ҷалби оппозисюн ба ширкат дар онҳо бастагӣ дошт, эътироф кунад. Раҳбари оппозисюн Саид Абдуллоҳи Нурӣ он вақт дар бораи сабабҳои таҳрим шудани интихобот ва райъпурсии қонуни асосӣ аз тарафи оппозисюн чунин гуфта буд:

"Дар шароите ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаст, ин интихобот на озод аст, на демократӣ. Ин интихобот ба манфиати мардум нест. Ва ин интихобот озод ҳам нест. Ин на интихоби мардум аст ва ҳатто на интихоби режми, зеро вақте ки режим мехост, интихоботи худро дар 25-уми сентябр гузаронад, аммо ҳамаи ҷаҳониён медонанд, гирдиҳамое ки дар Тошканд карданд, аз тарафи Русия, фикр мекунам, ки оқои Козирев омаданду вазирони умури хориҷии дигар кишвар ва аз ин тараф Эмомалӣ Раҳмонов рафта буданд, дар он ҷо ин интихоботро ба таъвиқ андохтанд. Яъне ин маънои онро дорад, ки худи тасмими ин интихобот аз тарафи мардуми Тоҷикистон нест ва ба таъхир афтоданаш ҳам бо сабаби фишорест аз тарафи дигарҳо. Ва фикр мекунам, ки ин интихобот на фақат ки ба манфиати мардуми Тоҷикистон нест ва ҳеч маъное надорад, балки он ба манфиати раҳбарони режими имрӯза ҳам нест. Онҳо агар имрӯз дар ин интихобот ғалаба кунанд, вазъашон шадидтар мешавад. Ғалаба накунанд ҳам, як қишри дигаре аз ҷомеъа ба вуҷуд меояд, то инки онҳоро ҳамчун мухолифу муъориз бишинохт. Ва аз ҳама бадтараш он аст, ки мардум озод нестанд, то раъйи худашонро бидиҳанд. Онҳо амният надоранд. Агар имрӯз райъпурсии тарҳи қонуни асосӣ шуд, ин чӣ раъйапурсиест. Мардум на танҳо амният надоранд, балки намедонанд, ки ин қонуни асосӣ аз чӣ иборат аст. Илова бар ин зиёда аз 30 дарсади раъйдиҳандагон дар хориҷи кишвар ҳастанд. Илова бар ин ин ҷо як бозие аз тарафи бегонаҳо сар шудааст, бозие бо тақдири миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ва он бозиҳо ба манфиати худи он бегонаҳо хоҳад анҷомид. Онҳо фаҳмида ё нафаҳмида нақшаҳоеро дар назар доранд, ки бар асари онҳо авзоъи Тоҷикистон бояд боз ҳам бадтар шавад. Бинобар ин Наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳамин хулоса омадааст ва ин хулосаи воқеъист. Ин хулосаи воқеъист барои наҷоти миллати Тоҷикистон."

Интихоботи президент ва тасвиби қонуни асосӣ дар назархоҳии умумӣ дар моҳи ноябри соли 1994 барпо шуда, мавқеи тарафи давлатро ба таври ҷиддӣ таҳким дод. Шояд ба ин сабаб буд, ки ҳама гуна мулоқоту гуфтушунид то моҳи апрели соли 1995 қатъ шуд. Вале ҳатто ин ду воқеаи муҳими сиёсӣ низ таъсири пирӯзии ҳарбии оппозисюн дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар моҳи июли 1993-ро коста нагардонд. Ба вижа таъсир ба ҳарбиён ва сиёсатмадорони Русияро. Абдулмаҷид Достиев таъсири ин ҳодисаро дар самтгириҳои Русия рад мекунад: "Бо задани як посгоҳ, модоме ки мо аллакай бисёр хунрезиҳоро дида будему ҳеч чиз моро маҷбур накарда буд, сари мизи гуфтушунид шинем, манзурам ҳукумат, як посгоҳро шабона омаданду заданду боз гурехта рафтанд, он оё маҷбур карда метавонист ҳукуматро, ки сари мизи гуфтушунид биншинад? Ман ҳамон вақтҳо дар ҳалли ҳамаи хурдтарин масъалаҳо ширкат меварзидам. Ҳатто саркардаҳо ё чӣ гӯем, генералҳои рус, ки барои дидани он пост омаданд, ман бурдам онҳро ба ҷои воқеа. Ман бо тамоми масъулият, ҳамин рӯз, баъд аз гузаштани чандин сол, ки имрӯз як дараҷа баҳодиҳӣ ё гуфтани ҳамон вақтҳо осонтар шудааст, гуфтанӣ ҳастам, ки фақат ҳисси ифтихори миллӣ, ҳисси нигаҳдории давлатдории миллӣ Раҳмоновро маҷбур кард ба сари мизи гуфтушунид биншинад."

Вале баъд аз ҳодисаи заставаи 12-ум, яъне ҳамлаи гурӯҳи 38-нафараи муҷоҳидони тоҷик, ки як нишемани марзбониро бо тамоми 25 марзбонаш аз рӯи замин рӯфт, вазири амнияти Русия Виктор Баранников, ки фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Русия низ буд, ба истеъфо рафт ва вазири дифоъи Русия Павел Грачев талаб намуд, ки нирӯҳои марзбон зери фармони ӯ гузаранд. Ва худи онки чандин генерали рус, вазирони дифоъ ва умури хориҷии Русия пайиҳам ба қитъаи марзии Сари Ғор сафар карданд, нишони он буд, ки Русия зарба хӯрдааст.

Дар бораи таъсири ҳамин рӯйдод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин тавр мегӯяд: "Ҳамла ба посгоҳи 12 воқеъан як такони сахте ба Русия буд. Сабаби асосии сафари Адамишин ба Теҳрон ҳамин буд ва вақте дар сафорати Русия дар Теҳрон бо ӯ ва сафири Русия дар Эрон мулоқот кардем, хоҳиши онҳо ин буд, ки барои дастёфт ба ҳадафои худ бояд ба марзбонони рус нарасем. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки хуб, пас ба мо роҳашро нишон диҳед. Мо намехоҳем, ки фоҷиаи солҳои бистум такрор шавад. Вақте ки болшевикҳо ба Осиёи Миёна ҳуҷум карданду Бухоро, Самарқанд ва ин минтақаро гирифтанд, зиёда аз миллион нафар аз миллати мо ба Афғонистон фирор кард ва бо ҳамин дар Афғонистон боқӣ монду як қисматаш ба дигар кишварҳо рафтанд, ба Арабистон ва дигар мамолик ва дигар барнагаштанд. Ба онҳо гуфтам, мо намехоҳем, ин ҳолат такрор шавад, мо ҳатман ба ватанамон бармегардем."

Ва шабакаҳои телевизионии Русия ҳамоно аз ҳамлаи нирӯҳои оппозисюн ба марзбонони рус хабар медоданд. Чунончи, аз рабуда шудани 5 афсару сарбози рус ва интиқоли онҳо ба Афғонистон. Танҳо баъд аз ду моҳи рабуда шудан, президенти Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ онҳоро ба Эмомалӣ Раҳмонов тақдим кард, ҳангоми сафари Раҳмонов ба Кобул. Ҳамаи ин шояд ба мавзеъгирии Русия таъсире дошт, аммо ба қавли Оливер Руа ҳам тағйири бунёдӣ дар мавқеъи Русия ва ҳам гардиши дубораи чархи гуфтушунид замоне ба амал омад, ки Ӯзбакистон хост, соҳиби дастаки ин чарх шавад. Тошканд, ки акнун ғарбгаро шуда буд, Русияро ба он айбдор кард, ки ба хотири боқӣ монданаш дар минтақа хостори як ҷанги хурду доимии идорашаванда дар Тоҷикистон аст ва ин таҳдиди мӯҳлике ба ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва бояд Созмони Милали Муттаҳид ва Ғарб ба Узбакистон кумак кунанд, то пешбурди гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистонро ба даст бигирад ва онро муваффақ гардонад. Ин айёме буд, ки ҳукумат акнун комилан ба дасти як сулолаи маҳаллӣ гузашта буд ва пас аз шикасти Абдумалик Абдуллоҷонов дар интихоботи президентӣ аксари шимолиҳо аз ҳукумат берун монданд.

Ба навиштаи донишманди тоҷик Азизи Ниёзӣ, сулолаи хуҷандӣ роҳҳои ҳамоиш бо Бадахшон ва оппозисюнро меҷуст ва дар дили сулолаи ҳоким гамрие ба гурӯҳҳои ғармӣ рӯ мезад. Яъне иттиҳодҳову эътилофҳо дар ҳоли тағйир буданд.
XS
SM
MD
LG