Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмал Қодиров - беҳтарин дар Осиё


Нодир Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, шашумин давраи ин мусобиқот бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 9 кишвар - Ҳиндустон, Эрон, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Конодо ва Белгия дар шаҳри Иссиқкӯл баргузор шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ Тоҷикистон пас аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт.

Акмал Қодиров дар рақобатҳои инфиродӣ байни варзишгарони маълул дар вазни сангинтарин соҳиби як медали тилло ва як медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Мавзуна Бобоҷонова низ дар рақобатҳо як медали нуқра ва як нишони биринҷӣ ба даст овард. Ҳамчунин боз се нафар - Парвина Юлдошева, Саида Одилова ва Марҳабо Шамсиддинова дар вазни худ медалҳои нуқра гирифтанд.

Фарҳод Комилов байни наврасон, Муҳаббат Мамадова миёни духтарон, Тоҳир Тоҳиров ва Хисрав Ҷумъаев байни бузургсолон, Ҳусайн Қурбонов байни устодони аз 50 - сола боло ва Эраҷ Ширинов миёни собиқадорон мувофиқи вазни худ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Раҳбари Федеросиюни армспорти Тоҷикистон аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сурати дарёфти маблағ дар мусобиқоти қаҳрамонии армспорти ҷаҳон, ки аз 28-уми сентябр то 6-уми октябр дар пойтахти Булғористон - шаҳри София баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.»
XS
SM
MD
LG