Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тони Блер: «Мушкилот ошкоро баррасӣ гардид, вале...»


ҳй

Дар ҳоле ки нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар Ҳайлигендами Олмон бо муваффақият анҷом пазируфт, ширкаткунандагони он ба таҳлилу баррасии натоиҷи он пардохтаанд.
Сарвазири Бритониё Тони Блэр, ки тасмим гирифтааст охирҳои ҳамин моҳ ба истеъфо равад ва ба сифати сарвазири кишвари худ бори ахир дар нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи ҷаҳон ширкат кардааст, дар парлумони кишвар бардошташро аз нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон, мавсум ба «G8», баён кард.


Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки дар мулоқот бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин масоъили мақоми ояндаи Косово, мустақаршавии системи зидди ҳамлаи мушакии Амрико дар Аврупо, парвандаи Александр Литвиненко ва вазъи демократия дар Русияро баррасӣ кардааст.


Сарвазири Бритониё эътироф кард, ки мушкилоти миёни Лондон ва Маскав то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондаанд: «Ман дидгоҳамонро баён кардам, ки мардум дар баробари сиёсати феълии Русия нигаронанд ва аз пайомадҳои он ҳарос доранд. Президент Путин низ назари худро ошкор иброз дошт. Ин хуб аст, ки миёни мо ҳамин гуна табодули афкор сурат гирифт. Ҳама мушкилот дар вазъи ошкорбаёнӣ баррасӣ шуданд. Ман гуфтам, ки мо хостори равобити нек бо Русия ҳастем. Владимир Путин ҳам тайид кард, ки мехоҳад равобити миёни Русия ва Бритониё қавӣ бошанд. Аммо ҳақиқат он аст, ки мушкилоти миёни кишварҳои мо то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондаанд».
XS
SM
MD
LG