Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов дар Осиё севвум шуд


Бисту чаҳорумин давраи ин мусобиқот бо ширкати варзишгарони 22 кишвари қорра дар пойтахти Муғулистон - шаҳри Улан-Батор баргузор шуд.

Аз ҳашт аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо як нафар - Анвар Юнусов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 51 килограмм ба сабқати ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай пас аз ду пирӯзӣ бар рақибони худ аз Куриёи Шимолӣ ва Ҷопон дар сабқати ниманиҳоӣ аз варзишгари Чин шикаст хӯрда, мақоми севвумро касб кард.

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муштзанҳои тоҷик моҳи октябри соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад, ширкат варзида, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG