Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсиласафари Буш ба Аврупо: пешвозгириҳои мухталиф ва ихтилофи назарҳои барҷоймонда


Ҷорҷ Буш дар "дили, ба истилоҳ, Аврупои нав" - Ҷумҳурии Чех, ва, ҳамин тавр, дар Лаҳистону Албания ва Булғористон хеле гармтар истиқбол дид. Албатта, дар муқоиса бо Олмону Итолиё, ду кишвари ба истилоҳ "Аврупои қадим", ки Бушро бо авҷи намоишҳову раҳпаймоиҳои эътирозӣ пешвоз гирифтанд.

Президенти Амрико баъдтар дар Рум, пойтахти Итолиё, низ бо чунин истиқбол рӯбарӯ шуд.

Вале дар кишварҳои Аврупои шарқӣ, ки нақши ИМА дар таъмини амнияти онҳо бештар эҳсос мегардад, ҷаноби Бушро гоҳо ҳатто ҳамчун раҳбари "ҷаҳони озод" муаррифӣ мекарданд.

Силсиласафари Буш ба Аврупо дар пасманзари таниши уфтода дар равобити байни Амрикову Русия оғоз ёфт. Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кард, ки дар посух ба нақшаи истиқрори сипарҳои зиддимушакии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон Маскав пойтахтҳои аврупоиро ҳадафи мушакҳои худ қарор хоҳад дод.

Ин таниши лафзӣ байни ду кишвари абарқудрат замоне сокит шуд, ки Путин дар мулоқоташ бо Буш дар ҳошияи нишасти «G8» дар Олмон ба таври ногаҳонӣ истифодаи муштарак аз родори зиддимушакиаш дар Озарбойҷонро пешниҳод кард.

Вошингтон ҳанӯз дар мавриди ақиб нишастанаш аз барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакӣ дар Чехияву Лаҳистон чизе иброз надоштааст, вале пешниҳоди Маскавро "ҷолиб" арзёбӣ кард.

Ҷорҷ Буш рӯзи душанбе дар пойтахти Булғористон дигарбора пешниҳоди ҳамтои русашро пешниҳоди хуб номид ва гуфт, ки Русия душман нест: "Ман бо Владимир Путин дар бораи равобитамон суҳбатҳои зиёд доштам ва тавзеҳ додамаш, ки ман Русияро ҳамчун душмани Амрико намедонам. Ман Русияро кишваре медонам, ки мо метавонем ва бояд бо он ба хотири ҳаллуфасли масоъили умумӣ равобити хуб дошта бошем. Чунин як масъала Эрон аст ва масъалаи дигар - манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ".

Вале, ҳангоми дидораш аз Албания раисиҷумҳури ИМА ба таври шадид мухолифи мавзеъгириҳои Русия дар масъалаи сарнавишти Косово, як вилояти ҷудоиталаби Сербия, ки аксари аҳолиаш албанитаборанд, суҳбат кард. Ҷорҷ Буш дар инҷо аз ҷумла изҳор кард, ки Косово бояд ҳаққи истиқлолияти комил дошта бошад.

Ин дар ҳолест, ки Маскав ба истиқлолияти Косово шадидан мухолиф аст. Ва инак, чун Ҷорҷ Буш баъди 8 рӯзи мусофираташ ба Амрико бармегардад, суъоли матраҳ ҳамоно ин аст, ки оё равобити Амрико бо Русия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ё хайр?

Ҳатто, агар аз масоъили демократия чашм бипӯшем, хоҳем дид, ки дар мавриди Косово ва масъалаи мушакҳо ихтилофи назарҳо ҳанӯз боқист.
XS
SM
MD
LG