Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ


- Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нозимҷон Эрматов дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба варзиши сабук барои дарёфти ҷавоизи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова дар шаҳри Бишкек медали тилло ба даст овард.

Вай масофаи 3000 метри монеъадорро дар зарфи 9 дақиқаю 31, 19 сония тай намуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Тоҷикистон пас аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар зинаи чаҳорум ҷойгир шуд.


Паҳлавони Тоҷикистон Руслан Исломгиреев дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи гуштии озод байни наврасони 16-17-сола барои дарёфти ҷавоизи қаҳрамони дукаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев дар шаҳри Красноярски Русия барандаи медали нуқра гардид.

Варзишгари тоҷик дар рақобатҳо дар вазни зери 54 килограмм бар рақибони худ пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале Руслан Исломгиреев дар сабқати ниҳоӣ аз гуштигири Бурятистони Русия Боир Ринчинов шикаст хӯрд ва ҷойи дуввумро касб кард.

Дар ин мусобиқа гуштигирони навраси Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.


Човандози тоҷик Илҳом Алиев дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Узбакистон оид ба аспдавонӣ дар шаҳри Тошканд дар як навъи пойга ғолиб шуд.

Вай дар аспи худ бо лақаби Лорен дар пойгаи аспҳои дусола ба масофаи 1000 метр соҳиби ҷоизаи аввал гардид.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG