Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти як бемории хатарнок ба Тоҷикистон


Як сокини 25 - солаи ноҳияи Рӯдакӣ баъди як рӯзи бистарӣ дар шифохонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе бар асари бемории таби хунӣ ҷони худро аз даст додааст.


Фотима Ёқубова, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ба ин далел, ки бемории таби хунӣ ба гурӯҳи бемориҳои мусрӣ ва ба саломати инсон ниҳоят хатаровар дохил мешавад, ҳамаи он нафарон бо шумули табибон, ҳамшираҳои шафқат, аъзои хонавода, ки бо ин шахс иртибот доштанд, тайи ду ҳафта таҳти муроқибати шадиди пизишкон қарор доштанд. Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ як ҳайати коршиносон ва пизишкон тайи ду ҳафта дар маҳалли зисти нафари ҷонбохта таҳқиқот анҷом додаанд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки нишона ё аломати сирояти таби хунӣ аз афроди наздики шахси ҷонбохта ё бо нафароне, ки баъди мубталоии вай бо ин беморӣ робита доштаанд, ошкор нашудааст.


Пизишкон канаи ҳайвонро ангезандаи бемории таби хунӣ меҳисобанд. Наврӯз Ҷаъфаров, сармутахассиси Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, бемории таби хунӣ дар фасли гармо, яъне вақте дар бадани гову гӯспандон як навъи кана пайдо мешавад, шуюъ мекунад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин навъи беморӣ дар навоҳии тобеъи марказ, яъне Файзобод, Рӯдакӣ ва Турсунзода ва дар навоҳии ҷанубии кишвар, Темурмалик ва Ҳамадонӣ то ҳоли ҳозир вуҷуд доштааст. Сармутахассиси Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, аломати аввалини ин беморӣ таби баланди ғайримуқаррарӣ буда ва дар ҳоли ҳозир, тибб имкон дорад, то панҷ рӯзи баъди гирифторӣ гирифтори ин бемориро наҷот диҳад. Шахси мубталои таби хунӣ ба хунравӣ гирифтор шуда аз даҳону бинӣ, гӯш ва аъзои таносули ӯ то дами марг хун мерафтааст. Ва табибон мегӯянд, ҳатто зарраи ба чашм нонамоёни хуни чунин бемор сабаби сирояти ин беморӣ ба нафари солим мешудааст.


Наврӯз Ҷаъфаров, сармутахассиси Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ҳар тобистон даҳ мавриди ибтило ба бемории таби хунӣ сабт мешавад, ки аз ин миён панҷоҳ дар сади гирифторон мефавтанд.
Маросими дафни ҷасади чунин беморон низ бо муқаррароти махсуси Вазорати тандурустӣ ва бо ширкати ҳатмии намояндагони муассисаҳои табобатӣ сурат мегирад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG