Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳри Петр - мизбони иқтисоди ҷаҳон


Дуввумин шаҳри бузурги Русия худро ҳам барои меҳмондории нишастҳои муҳим ва ҳам тазоҳуроти тарафдорони нерӯҳои мухолифи давлат омода мекунад. Интизор меравад, ки ҳазорон нафар сармоягузорони хориҷӣ дар ҳамоиши иқтисодии шаҳри Санкт Петербург ширкат кунанд, ки Владимир Путин дар он саъй хоҳад кард, то нигарониҳо аз самтгириҳои сиёсиву иқтисодии Русияро коҳиш диҳад. Ҳамзамон бо ин ҳамоиш дар Санкт Петербург нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор мешавад, ки қарор аст, раҳбарон дар он муноқишаҳои ба қавле яхбастаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва Трансднестрро баррасӣ кунанд. Ва қарор аст, гурӯҳи мухолифи Русияи Дигар низ рӯзи нӯҳуми июн дар ин шаҳр тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кунад.

Ҳамоиши сарони кишварҳои муштаракулманофеъ бори охир таҳти сарварии Владимир Рушайло дабири иҷроияи шӯрои ин кишварҳо доир мешавад, ки замони раҳбарии ӯ 14 июн ба поён мерасад. Бино ба гузоришҳо, зоҳиран ба ҷойи ӯ Александр Вишняков, раиси собиқи кумиссиёни марказии интихоботи Русия дар ин мақом таъйин мешавад. Ба қавли таҳлилгарон, таъйини Вишняков як паёми қавӣ аз он аст, ки кишварҳои муштаракулманофеъ мехоҳанд, дар назорати интихоботҳои кишварҳои собиқи Шӯравӣ нақши фаъолтаре иҷро кунанд. Русия пайваста нозирони ғарбиро муттаҳам намудааст, ки интихоботҳоро номунсифона баҳо медиҳанд ва тамоюли зидди Русия доранд. Фёдор Лукянов, муҳаррири маҷаллаи "Русия дар умури ҷаҳонӣ" мегӯяд:

"Ҳоло чун интихоботҳо сарчашмаи ихтилофоти назар миёни Ғарб ва Русия мешаванд ва ба ҳамин хотир мехоҳанд, ба созмонҳои назоратӣ салоҳиятҳо ва нақши бештар бидиҳанд. Аз ин ҷиҳат, мантиқист, ки нафареро таъйин мекунанд, ки муқаррароти баргузории интихоботро бисёр хуб медонад."

Фёдор Лукянов ва таҳлилгарони дигар мегӯянд, ки ҳамоиш ба сарони кишварҳои муштаракулманофеъ имкон медиҳад, то масоили ҳалношудаи минтақа ба мисли муноқишаҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, Трансднестр, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро баррасӣ кунанд. Аз ҷумла, раисҷумҳурони Озарбойҷон ва Арманистон ба хотири пайдо кардани роҳи ҳалли муноқишаи Қаробоғи Кӯҳистон мулоқот мекунанд. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Михаил Саакашвили, раисҷумҳури Гурҷистон, Владимир Воронин, раисҷумҳури Молдова ва Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин мулоқот анҷом медиҳад. Бар изофаи баррасии масоили минтақавӣ бо ҳамсоякишварҳо ҳамчунин Владимир Путин саъй хоҳад кард, то сармоягузорони ба ҳаросафтода аз нигарониҳо доир ба ҷанги нави сард миёни Русия ва Ғарбро ором кунад.

Ҳудуди 10 ҳазор нафар, аз ҷумла, сиёсатмадорону мақомоти расмӣ ва тоҷирони ширкатҳои Русия ва хориҷӣ дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт Петербург ширкат мекунанд, ки аз 8 то 10 июн идома хоҳад кард. Дар ҳошияи ҳамоиш 100 нафар аз мудирони ширкатҳои хориҷӣ бо раиси ҷумҳур Владимир Путин мулоқоте дар паси дарҳои баста анҷом хоҳанд дод. Аз ҷумла мудирони ширкатҳои Кока Кола ва Пепси Кола, ширкатҳои азими энержии Ройал Дач Шелл ва Шеврон ва ширкати Сименс низ дар мулоқот ҳузур хоҳанд дошт. Фёдор Лукянов муҳаррири маҷаллаи "Русия дар умури ҷаҳонӣ" мегӯяд:

"Путин албатта мехоҳад, ки Ғарбро ором кунад, бахусус сармоягузорони ғарбро. Ин масъала пас аз суханронии Тонӣ Блейр бисйор муҳим шудааст."

Нахуствазири Бритониё Тони Блейр гуфта буд, ки агар Русия бозгашт аз ислоҳоти демукротикро идома диҳад, метавонад ба фирори сармоягузорони ғарбӣ аз кишвар ру ба ру бишавад. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, тарафдорони гуруҳи мухолифи Русияи дигар рӯзи шанбе дар Санкт Петербург раҳпаймоии дигарандешонро баргузор кунанд. Баръакси мавориди гузашта ин даъфа мақомот иҷоза додаанд, то ин тазоҳурот баргузор шавад. Ба эътиқоди Гаррӣ Каспаров фаъоли мухолифин интиқоди афзояндаи Ғарб сабаб шудааст, то мақомот монеъи баргузории тазоҳурот нашаванд.
XS
SM
MD
LG