Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G8 ва коҳиши бухорҳои гулхонаӣ


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, изҳор намудааст, ки сарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии олам дар мавриди коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ ба мувофиқа расиданд.


7-уми июн дар нишасти мавсум ба «G8» дар шаҳри Ҳайлигендам (Олмон) масоъили марбут ба гармшавии ҳаво, қазияи истиқлоли Косово, вазъи Ироқ ва Афғонистон, қазияи барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шуд. Вале, ба гуфтаи садри аъзами Олмон, яке аз дастовардҳои муҳимми ин нишаст ҳамоно мувофиқа дар мавриди коҳиши газҳои гулхонаӣ ба фазо будааст.
XS
SM
MD
LG