Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G8 масъалаи Афғонистонро низ баррасӣ кард


cq

Сарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии олам дар мавриди коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора дирӯз, 7-уми июн, садри аъзами Олмон Ангела Меркел хабар дод.


Дар нишасти «G8» дар шаҳри Ҳайлигендами Олмон масоили марбут ба гармшавии ҳаво, қазияи истиқлоли Косово, вазъи Ироқ ва Афғонистон, қазияи барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шуд. Ба гуфтаи боз ҳамон хонум Меркел, яке аз дастовардҳои муҳимми нишаст мувофиқа дар мавриди коҳиши газҳои гулхонагӣ ба фазо гардид.
XS
SM
MD
LG