Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи лигаи аввали Тоҷикистон


Дастаи «Фархор»-и Фархор бозиро дар майдони худ бо тими «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо натиҷаи 1 бар 1 анҷом дод. Дар бозии дигар дастаи «Хайр-Ваҳдат»-и Ваҳдат тими меҳмон - «Ҳисор»-и Ҳисорро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб сохт.


Бозиҳои даври навбатии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозиро дар майдони худ бо «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 3 бар 3 анҷом дод. Бозии «Саройкамар»-и Панҷ низ бо тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ аз «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ бо 7 имтиёз дар гурӯҳи «А» пешсаф аст. «Хима»-и Душанбе бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «Б» дар ҷойи аввал мебошад.



Давраи аввали мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни баскетболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона ба анҷом расид.

Дастаи «Зӯҳро-2»-и Душанбе, ки дар ҳамаи бозиҳо ғолиб омадааст, бо 16 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. Дастаи «Зӯҳро-1» бо 15 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. Дастаи мунтахаби шаҳри Қӯрғонтеппа бо 14 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.

Давраи дуввуми мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни баскетболи Тоҷикистон моҳи сентябр шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG