Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократия дар хокистар пайдо мешавад?


Бунёди ҷомеаи демократӣ дар Ироқ, Аврупои Шарқӣ, кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҳар гӯшаи дигари олам имконпазир аст, ҳарчанд, ки дар ваҳлаи ҳозира дар баъзе мамолик ин раванд бо кундӣ рушд менамояд.

Дар ҷараёни баҳсҳои рӯзи панҷуми июн аксари ширкаткунандагони Конфронси демократияву амният дар Қасри Чернини шаҳри Прага эътироф карданд, ки як идда пешбиниҳои хушбинона дар бораи рушду нумуи саросарии низоми мардумсолорӣ ғалат баромадааст. Устоди яке аз донишгоҳҳои ИМА Канъон Макия мегӯяд, ки таҷрибаи бомуваффақияти бунёди ҷомеаи демократӣ дар баъзе кишварҳои олам то ҳанӯз дар Ироқ амалӣ нашудааст:

"Демократия мурғи анқо нест, ки дар хокистар пайдо шавад. Дар Ироқ мо амалан саъй дорем, ҳамин корро иҷро кунем."

Макия як мақолаи соли 1991 навиштаашро нишон дода, гуфт, ки дар он вазъи Ироқ баъди ҷанги Халиҷ бо вазъи Олмону Ҷопони баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муқоиса шудааст. Ҳол он, ки чунин муқоиса ғайри қобили қабул аст, зеро Олмону Ҷопон нокомӣ дар ҷангро эътироф карда буданд. Макия меафзояд:

"Дар Ироқ вазъ ин гуна набуд. Аслан ҷанги Ироқ ҷанги озодихоҳӣ буд, вале онро бо истилоҳи таҷовуз омехта карданд. Қарори маълум дар як саф гузоштан, фаҳмонидан ва сафед кардани истилоҳҳои озодихоҳиву таҷовуз душвор аст. Хулоса, роҳи дигаре вуҷуд дорад, ки мо ин мисолҳоро аз нав арзёбӣ кунем. Бовар дорам, дар ниҳояти амр мо ба натиҷае мерасем, ки ақидаи баъзеҳо дар бораи ғайриимкон будани бунёди ҷомеаи демократӣ дар Ироқ ғалат мебарояд. Ҳатто баръакс, аввалин фикре, ки ба сарам омад, ин аст, ки қабл аз хулосабарорӣ шахс бояд вазъро хуб таҳқиқ кунад" .

Шарики дигари ин баҳс, Брюс Ҷексон, раиси лоиҳаи «Ҷомеаҳои дар ҳоли гузариш ба демократия" вазъи Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мисол овард ва гуфт:

"Ба ақидаи ман, дар мавриди ҷомеаи шаҳрвандӣ мо ба муболиға роҳ додаем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ тасдиқи демократия аст, на сабаби зуҳури он. Имрӯз дар Беларус шумораи созмонҳои ғайридавлатӣ назар ба Гурҷистон бештар аст. Агар созмонҳои ғайридавлатӣ дар танҳоӣ боиси наҳзати демократӣ мешуданд, имрӯз пешвои мухолифини Беларус Александр Милинкевич президенти ин кишвар мебуд. "
XS
SM
MD
LG