Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд кӯмакҳои башардӯстонаро дуздидаанд


МИ

Додситонии Суғд наздики чил мавриди тасарруф ва ғайримақсад истифода кардани кӯмакҳои башардӯстона дар вилояти Суғдро дар натиҷаи як санҷиш ошкор кардааст.


Ба гуфтаи ин манбаъ, дар тайи соли гузаштаи 2006 ва се моҳи аввали соли равон минтақаи шимолии Тоҷикистон ба маблағи 28 миллион доллари ИМ аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ, умдатан аз ИМ, ёриҳои башардӯстона дар намуди дорувор ва таҷҳизоти тиббӣ, маводи ғизоӣ, либос, нуриҳои минералӣ ва амволи дигар дарёфт кардааст. Фирдавс Урунов, як масъули додситонии устони Суғд гуфт, қонуншиканиҳо ва тасарруфи ин кӯмакҳо аз ҷониби афроди масъул умдатан дар ҳангоми тақсим ва корбурд сурат гирифтааст ва ҳамакнун нисбат ба ҳашт корманди тандурустӣ, ду корманди соҳаи маориф, ва як корманди мақомоти худидораи маҳаллӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудаанд.


Фирдавс Урунов барои мисол афзуд, ки зимни тафтиш дар беморхонаи сил 200 адад камбуди сӯзандоруи «Лорабид», ба маблағи наздики 3 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст. Инчунин, муовини сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Чкалов ва як ҳамшираи шафқати ин беморхона 42 навъи дорувор, ба маблағи умумии 145 ҳазор сомониро, ки аз ҷониби барномаи «Hope», яъне – «Мадад» ройгон дарёфт карда буданд, ба ҳаштод корманди беморхона бар хилофи дастури ин барнома тақсим кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG