Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқҳо тоҷиконро ниссансавор мекунанд


Як ширкати қазоқӣ тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон бозори махсуси фурӯши мошинҳои жопунии «Ниссан»-ро ба роҳ монад, ки аз бист то чил ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд.


Масъулони ширкати қазоқӣ мегӯянд, ҳоло дар Тоҷикистон харидорони ин навъи мошин афзудааст. Ба қавли онҳо, аз соли 2006 бад-ин сӯ, дар бозорҳои кишвар тақрибан ҳазору ҳаштсад адад мошинҳои ин тамға фурӯхта шудаанд.
XS
SM
MD
LG