Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии тифлон дар Душанбе


фб

Якуми июн - рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон дар Душанбе бо баргузории консерту намоишгоҳҳои маҳсули ҳунари атфоли маъюб, муҳассилини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва кӯдакистонҳо, сайру саёҳати бархе аз волидон бо фарзандони худ дар кӯчаҳои марказии шаҳр таҷлил гардид.


Ҳамчунин барои наврасон озмунҳои ҳуқуқӣ созмон дода шуд.


Дар ҳамин ҳол, тибқи як назарсанҷии Маркази таҳқиқоти стротежии кишвар муайян шудааст, ки дар Душанбе ҳудуди 6 ҳазор кӯдаки хиёбонӣ ба сар мебарад, ки 70 дарсади онҳо аз 12 сола боло буда, ғолибан дар кӯчаву бозорҳо ба хизматарсонӣ, талбандагӣ ё дуздӣ машғул будаанд.


Юнисеф мегӯяд, 66 дарсади кӯдакони то 18 солаи тоҷик дар ҳоли фақр ба сар мебаранд.
Фирӯз Баротов, Душанбе
XS
SM
MD
LG