Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар само "Овози тоҷик" садо медиҳад


Шг

Радиои давлатии Тоҷикистон шабакаи нави барномаҳои бурунмарзии худро бо номи «Овози тоҷик» бо ҳафт забони кишварҳои ҳамсояву дур оғоз кард.


Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мудири радиои Тоҷикистон гуфт, «Овози тоҷик» 16 соат дар шабонарӯз барнома таҳия хоҳад кард. Ба гуфтаи Абдуқодири Абдуқаҳҳор, то имрӯз 90 дарсади забони барномаҳои шабакаҳои радиои давлатии Тоҷикистон тоҷикӣ буд, ва аммо бо фаъол шудани шабакаи байналмилалии «Овози тоҷик» шумораи барномаҳо бо забонҳои хориҷӣ меафзояд ва дар ин зимн саҳми ин забонҳо бештар мегардад.


Дар як ҳамоиш ба муносибати пахши ин барнома Кароматулло Олимов, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин шабака фарогири кулли ҳаводиси иттилоотиву фарҳангӣ хоҳад буд. Ва боз як масъулияти ҷиддитареро дар пешорӯи хабарнигорон хоҳад дошт, зеро муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳони берун кори саҳл нахоҳад буд.


Раҳбарияти радиои Тоҷикистон мегӯяд, талош хоҳад кард, пахши барномаҳои «Овози тоҷик»-ро тариқи моҳвора ва мавҷи кӯтоҳ низ ба роҳ монанд.
Шаҳлои Гулхоҷа, Душанбе
XS
SM
MD
LG