Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курсии Абдулмаҷид Достиев соҳиби нав ёфт


ҲХДТ аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ соҳиби боз як курсии дигар дар порлумон шуд. Рӯзи ҷумъа, якуми июн, сардабири нашрияи «Адабиёт ва санъат» - шоир Ҳабибулло Нозирӣ дорои шаҳодатномаи вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гардид. Бо ин, шумори намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар порлумони Тоҷикистон ба 47 нафар расид.


Оқои Нозирӣ дар порлумон Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагонро иваз кард. Абдулмаҷид Достиев дар интихоботи порлумонии соли 2005 тибқи феҳрасти ҲХДТ шомили порлумон гардида ва як моҳи пеш сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия таъин шуд. Воқеан, Абдулмаҷид Достиев баъзан бо тахаллуси Бохтарӣ шеър ҳам мегӯяд ва то андозае метавон гуфт, дар порлумон шоир шоирро иваз намуд.


Вакили нави мардумӣ Ҳабибулло Нозирӣ 49 сол дошта, тайи 10 соли ахир ба ҳайси сардабири нашрияи Иттиҳоди адибони Тоҷикистон - «Адабиёт ва санъат» фаъолият кардааст. Қарор аст, ҳафтаи оянда 4-уми июн оқои Нозирӣ дар Маҷлиси намояндагон ба кор шурӯъ намояд. Радиои Озодӣ кӯшид бо вакили нави парлумон пиромуни барномаҳояш ҳамсӯҳбат шавад, аммо Ҳабибулло Нозирӣ аз сӯҳбат худдорӣ варзид.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG