Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии парҳез аз тамоку


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тамокуро чаҳорумин қотили аслии инсоният хонда ва мегӯяд, ки ҳар сол дар ҷаҳон бар асари масрафи тамоку 5 миллион нафар мемиранд. Танҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки хонаи 350 миллион нафар сигорӣ будааст, солона тақрибан як миллион нафар аз бемориҳои марбут бо тамокукашӣ ҷон медиҳанд. Ҳенк Бекедам раҳбари дафтари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Чин ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки сигор ва фақр бо ҳам сахт пайванданд ва тамокукашӣ барои Ҷумҳурии мардумии Чин ва дигар кишварҳо низ метавонад, пайомадҳои фалокатбори иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бошад: "Дар низоми беҳдоштии Чин шумо фақат дар ҳоле метавонед, дар сурати беморӣ нигаҳбонӣ ва табобат шавед, ки агар дар кисаи худ пул доред. Бисйоре аз афрод фақир мешаванд, зеро бар асари тамокукашӣ барвақт бемор мешаванд ва ғайра. Ба андешаи ман тамокукашӣ барои низоми беҳдоштии Чин пайомадҳои азиме дорад".

Галина Сахарова пажӯҳишгари бемориҳои шуши Фарҳангистони улуми тиббии Русия мегӯяд, ки сигоркашӣ хонаводаҳоро аз саробон ва кишварҳоро аз нерӯи кории лозимӣ маҳрум мекунад: "Таҳқиқоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нишон додааст, ки хонаводаҳои камбизоат дар кишварҳои фақир то 10 дар сад аз даромади худро сарфи харидани сигор мекунанд ва ҳамингуна пулеро ки метавон барои ғизову таҳсили фарзандон ва беҳдошт сарф кард, харҷи чизе мекунанд, ки барои худи тамокукашон ва атрофиёнашон кушанда аст".

Ҳенк Бекедам раҳбари дафтари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мегӯяд, давлатҳои ҷаҳон бо роҳҳои осоне метавонанд, аз афзудани тамокукашӣ ҷилавгирӣ намоянд. Вай бо ишора ба кишварҳои камбизоати ҷаҳон гуфт: «Масъалаи асосӣ ин аст, ки дар ин кишварҳо ширкатҳои тавлиди сигор ҳастанд, ки мехоҳанд, тиҷорати худро тавсиа диҳанд. Ба эътимоди қотеъи мо тиҷорат набояд, бадбахтӣ, беморӣ ва камбизоатиро густариш диҳад. Ба андешаи ман ҳукуматҳо метавонанд барои роҳ надодан ба ин нақше иҷро кунанд. Онҳо бояд шароитеро фароҳам оваранд, ки қиммати сигор гарон бошад, сигор тарғиб ва болаззат намоиш дода нашавад. Набояд гузоранд, ки мардум дар маконҳои ҷамъиятӣ сигор бикашанд ва мардумро ҳангоми харидани сигор огоҳ кунанд, ки сигор метавонад, инсонро бикушад".

Дар чандин кишварҳои дунё то кунун сигоркашӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатиро мамнӯъ кардаанд. Дар рӯзи парҳез аз тамоку баъзе аз кишварҳои дунё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши тамокукашӣ аз иқдомоти нав хабар доданд. Порлумони Олмон бо қабули қонун, сигоркашӣ дар идораҳои давлатӣ ва нақлиёти ҷамъиятиро мамнӯъ кард ва Филлипин гуфт, ки аз ин пас барои тарғиб ва ё рекламаи сигор дар хиёбонҳо гунаҳкоронро ҷазо хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG