Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Алмати нисбат ба тағйироти Қонуни асосӣ


yf

Шоми 30 май се шаҳрванди Алмаато ба майдони Истиқлолият баромада бо мухолифат аз тадриҷи иловаҳо ба қонуни асосии кишвар эътироз карданд. Кормандони ниҳодҳои интизомӣ эътирозгаронро боздошт карда ба идораи пулиси ноҳияи Бостондики шаҳр бурданд.


Ин сеюмин эътирози сокинони пойтахти дуввуми Қазоқистон бар зидди иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар аст, ки тибқи он ба Нурсултон Назарбоев имкон дода шуд, то охири умр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат варзад. Қаблан, ду рӯзноманигор: Сергей Дуванов ва Екатерина Беляева ба тафри инфиродӣ овеза дар даст дар майдон эътирози худро изҳор дошта буданд. Екатерина низ ба дунболи ин эътироз чанд соатро дар боздоштгоҳи пулис паси сар кард.


Ҳуқуқшинос Сергей Уткин, ки дар майдон ҳузур дошт, ба радиои Озодӣ гуфт, муносибати кормандони ниҳодҳои интизомӣ хилофи қонун сурат гирифтааст ва ин эътирозҳо на гирдиҳамоӣ мебошанд ва на роҳпаймоӣ.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG