Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Қонуни танзими расму ойинҳо тасвиб шуд

ФФ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи оро лоиҳаи «Қонун дар бораи танзими анъана, ҷашн ва маросимҳо» - ро қабул кард. Лоиҳаи ин қонун аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон - Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ва тасдиқи порлумон пешниҳод шуда буд.
Ин қонун, ки аз 16 модда иборат мебошад, баргузории маросими оши сари тахта, душанбегӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҷумъагӣ ва ҳоҷиталбонро мамнӯъ мекунад ва баргузори чиҳилрӯзагӣ ва сол бо ширкати ҳадди аксар сад нафарро иҷоза медиҳад.
Дар баргузори маросими арӯсӣ низ маҳдудият ҷорӣ шуда ва ширкати бештар аз 150 то 200 нафар дар маросими арӯсӣ манмӯъ шудааст.
Ин қонун ҳамчунин вақти баргузории маросимҳоро низ мушаххас кардааст. Дар рӯзҳои таътилии шанбе ва якшанбе баргузории ҳар гуна маросим аз соати 10 субҳ илло 11 шаб ва дар рӯзҳои дигари ҳафта аз соати 6 баъда аз зуҳр илло 11 шаб иҷоза аст.
Барои риоя накардани ин қонун ҳадди ақал ду ҳазор ва ҳадди аксар даҳ ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Як ноболиғ модар ва ду бародарашро кушта, ҷасадҳоро оташ задааст

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаеро нашр кард, ки як ноболиғ ба гуфтаи мақомот модар ва ду бародари хурдсоларо кушта, онҳоро оташ задааст.

Дар иттилоияи Додситонии кулл гуфта мешавад, ки Воҳидов М, сокини ноболиғи шаҳри Ҳисор 12 декабри соли гузашта модараш Воҳидова М. ва ду бародари угаяшро кушта, барои пинҳон доштани изи ҷиноят манзилро оташ задааст.

Ба гуфта мақомот, Воҳидов ба он хотир ин корро кардааст, ки модараш бо ӯ муносибати дағал дошта, бародарони угаяшро бештар дӯстдорӣ мекардааст. Ноболиғи муттаҳам ба куштори модар дар оилаи падарандар зиндагӣ мекардааст.

"Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро нисбат ба ӯ бештар дустдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.А.-ро ба худ пайдо кардааст,"-менависад манбаъ.

Мақомот гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Ҳисор ноболиғ Воҳидов М-ро бо иттиҳоми куштори беш аз ду нафар бо бераҳматии махсус гунаҳкор донистааст. Бар асоси қарори додгоҳ Воҳидов М, даҳ сол дар колонияи тарбиявии дороми низоми умумӣ адои ҷазо мекунад. Додситонии кулл мегӯяд, барои ноболиғ "ҷазои баландтарин" аст.

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои куштор тақрибан ҳар ҳафта рух медиҳанд. Аммо куштори модар ва ду бародар аз сӯи як ноболиғ ҳодисаи камсобиқа аст. Равоншиносон чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии гӯшношунид содиршударо аломати бераҳмтар шудани ҷомеа меноманд.

Конгресс қонуни эъломи таҳрим зидди Путин ва атрофиёнашро баррасӣ мекунад

Дар Сенати ИМА рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд ва он эъломи таҳрим зидди русиягиҳоеро талаб мекунад, ки даст доштанашон дар додани мукофот ба қатли сарбозони Амрико дар Афғонистон исбот шавад. Яке аз ҳадафҳои таҳрим президенти Русия Владимир Путин хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонун дар шакли тағйирот ба Санади харҷҳои дифоӣ аз сӯи сенатори маъруфи демократ Роберт Менендес таҳия шудааст. Бар асоси он, агар таҳқиқи ИМА даст доштани раҳбарияти Русия ё ниҳоди зертобеи ӯро дар додани мукофот барои ҳамла ба низомиёни эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон тасдиқ кунанд, президенти Амрико бояд зидди Путин, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва бархе мансабдорони дигари рус бояд таҳрим эълом кунад. Ҳамчунин ҳабси дороиҳои ниҳоду шахсони мазкур ва манъи вуруди онҳо ба ИМА пешниҳод шудааст. Олигархҳои наздик ба Путин, сиёсатмадорони рус ва аъзои оилаашон низ метавонанд таҳрим шаванд.

Сенатор мегӯяд, ҳадафи ӯ ин аст, ки Русия бояд барои амалҳои худ посух бигӯяд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар Сенат ба андозаи кофӣ ҷонибдорӣ хоҳад шуд, ё не. Вале чандин узви саршиноси Конгресс рӯзҳои ахир хостанд, агар даст доштани Русия дар сармоягузории ҳамлаҳо ба сарбозони Амрико дар Афғонистон исбот шавад, зидди Кремл таҳрим эълом гардад.

Қазоқистон аз 5 июл карантини сахттар эълом мекунад

Як зани ниқобпӯш дар Алмато, Қазоқистон

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 июл гуфт, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар сар аз 5 июли соли равон ду ҳафта карантин эълом шавад.

"Ҳукумати нақшаи ҷорӣ кардани карантин ба муҳлати 14 рӯзро пешниҳод кардааст. Эҳтимоли тамдид вуҷуд дорад. Вазири тандурустӣ пагоҳ баъди ҷаласа масъаларо шарҳ хоҳад дод", - навишт Қосимҷомарт Тоқаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Тоқаев ду рӯз пеш ба аъзои ҳукумат дастур дода буд, ки дар давоми ду рӯз нақшаи ҷорӣ кардани карантини шадидро пешниҳод кунанд. Фикри ҷорӣ кардани карантини сахт баъди он ба миён омад, ки бемории коронавирус пас аз бекор шудани маҳдудиятҳо дубора авҷ гирифт. Ба гуфтаи Тоқаев, баъди бекоршавии карантин шумори мубталоён 7 баробар зиёд шудааст.

Вазири нави тандурустии Қазоқистон Алексей Сой пешниҳод кард, бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар саросари ин кишвар давоми чаҳор ҳафта чораҳои сахти карантинӣ ҷорӣ шавад.

Вазорати тандурустии Қазоқистон 1 июл хабар дод, ки 30 июн дар ин кишвар 1 ҳазору 604 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст, ки аз ин миён танҳо 489 нафар нишонаҳои бемориро доранд. Боқӣ (1 115 кас) надоранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар то 1 июл ба 41 065 расид. Ин рақам мубталоёни дорои нишонаҳои беморӣ ва бидуни нишонаро дар бармегирад.

Имтиҳони қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон зери чораҳои беҳдоштӣ оғоз шуд. АКС

Рӯзи 1-уми июл имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон оғоз шуд, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мегузарад.

Имсол 110 ҳазор нафар дар Маркази миллии тестӣ ба сифати довталаб сабти ном шудаанд. Мактабҳои оливу миёнаи касбии Тоҷикистон нақша доранд, ҳамагӣ каме беш аз 80 ҳазор нафарро бипазиранд.

Баҳром Паҳлавонзода, ҷавони тоҷик, дар қатор ҳазорҳо ҳамсоли худ рӯзи чаҳоршанбе имтиҳони аввали қабул ба донишгоҳро супурд. Вай баъди берун шудан аз ҳуҷраи имтиҳонсупорӣ ибрози умед кард, ки шомили донишгоҳ хоҳад шуд.

Сиёвуш Сафаров, довталаби дигар мегӯяд: "То имрӯз пайваста ба Маркази миллии тестӣ занг мезадам ва мепурсидам, ки имтиҳон мешавад, ё не. Метарсидам, ки мабодо бо сабаби коронавируси нав имтиҳонҳои қабул баргузор нашавад. Имтиҳони аввалро супоридем, натиҷаро интизор мешавем."

Нигаронии довталабон дар ҳоле буд, ки давраи сабти номи онҳо дар Маркази миллии тестӣ ба замони авҷи пандемияи COVID-19 рост омад.

Аввали моҳи июн Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон гуфт, имсол имтиҳони хатм барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 баргузор карда нашавад. Ҳамин тавр, баҳои хатмкунандаҳоро бар асоси натиҷаҳои чаҳоряки гузашта монданд.

Имсол мактабҳои Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва беш аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм карданд.

Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, имтиҳонҳои қабул то 7-уми июл дар 18 мактаби саросари кишвар гузаронида шуда, барои довталабон дар даври такрорӣ имконият фароҳам оварда хоҳад шуд.

Абдуваҳҳоб Одинаев, як масъули Маркази миллии тестӣ, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи аввали қабули имтиҳонҳо ҳудуди 16 ҳазор довталаб аз кластери якум, ки фанҳои табиӣ ва дақиқро дар бар мегирад, имтиҳон супориданд.

Имсол шумори довталабон нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Мақомот онро ба густариши бемории COVID-19 рабт медиҳанд, ки марзҳоро баст ва таҳсили довталабони тоҷикро дар хориҷи кишвар инмконнопазир кард ва ин гурӯҳ акнун барои шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон талош доранд.

COVID-19 дар Тоҷикистон ба беш аз 6000 кас сироят кардааст

Шумори гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми июл аз марзи 6 ҳазор нафар гузашт. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта бемории 51 нафари дигар тасдиқ шуд. Ба иттилои расмӣ, то ин дам беш аз 4600 нафар ё 77 дар сади беморон шифо ёфта, 52 кас ҷон бохтаанд. Бори охир мақомот рӯзи 20-уми июн дар бораи фавти шахси мубтало ба COVID-19 дода буданд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то 14-ми июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси навро навиштаанд. Феҳраст дар ду ҳафтаи ахир нав нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф карданд. То он замон афзоиши беморон ва марги пайиҳами баъзе сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Матолиби бештарро дар ин бора дар ин ҷо хонед

Додгоҳи Минск қарори ҳабси рақиби интихоботии Лукашенкоро нигоҳ дошт

Виктор Бабарика. Акс аз рӯзи 11 июн

Додгоҳе дар Минск қарор кард, ки рақиби эҳтимолии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус, ки рӯзи 9 август баргузор мешавад, дар боздошт мемонад. Ҳуқуқшинос Дмитрий Лаевский рӯзи 30 июн гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Минск қарори ҳабси Виктор Бабарикаро, ки дар ҷиноятҳои молӣ гумонбар мешавад, ҳифз кард. Бабарикаву писараш Эдуард рӯзи 18 июн боздошт шуда бо гумони фирор аз пардохти андоз ва пулшӯӣ дар робита бо тафтишот дар Белгазпробанк, ки давоми 20 сол ҷои кори Бабарика будааст, пурсида шуданд. Мақомоти Беларус рӯзи 15 июн назорат бар бонкро ба даст гирифта беш аз даҳ мудири бонкро бо иттиҳоми фирор аз андоз ва пулшӯӣ боздошт карданд. Бабарикаи 56-сола гуфт, ки ин ҳама амалҳо “амрҳои сиёсӣ” мебошанд.

Лукашенко талош дорад бори шашум дар интихоботи президентии Беларус иштирок кунад. Ӯ ҳафтаи гузашта эътироф кард, ки боздоштҳои афроди сиёсии марбут ба интихобот “бо ишораи ӯ” анҷом шудааст. Лукашенко дар бораи боздоштҳои Белгазпромбанк гуфт, ки аз як “табаддулоти давлатӣ” ҷилавгирӣ кардааст.

Боздошти Бабарико боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Беларус шудаас.

Олмон раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро ба дӯш мегирад

29 июн, Берлин. Раҳбарони Фаронсаву Олмон - президент Эммануэл Макрон ва садри аъзам Ангела Меркел барномаи раҳоии иқтисоди Аврупоро баррасӣ карданд

Шурӯъ аз 1 июл Олмон масъулияти президентии шашмоҳаи Иттиҳоди Аврупоро ба дӯш мегирад ва ин ба замоне мувофиқ омад, ки дар созмони иборат аз 27 узв поинтарин нишондодҳои иқтисодӣ аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки аз мақомаш канор меравад, барои роҳандозии нақшаи наҷоти иқтисоди аз пандемияи коронавирус осебдидаи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун бахши муҳими ниҳоии кораш муносибат мекунад. Меркел рӯзи 29 июн дар Берлин бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ кард ва ҳарду раҳбар барномаи муштараки барқарории иқтисод дар давраи коронавирусро пуштибонӣ карданд. Раҳбарони Олмону Фаронса ба талошҳои муштарак дар амри барқарор кардани иқтисод таъкид ва эътироф карданд, ки аз раҳбарии Олмон “умеди зиёд доранд”. Меркел ва Макрон нақшаи 500-миллиардевроии кӯмак ба Аврупоро дар давраи пандемия муаррифӣ карданд ва баъдан ин нақшаи пешниҳодӣ то 750 миллиард евро афзоиш дода шуд. Ҳадаф кӯмак ба кишварҳои шадидан осебдидаи мисли Итолиёву Испания мебошад. Қарор аст дар ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 17 ва 18-уми июл ин тарҳ мавриди баррасӣ қарор гирад. Меркел ба ризоияти кишварҳои узв умедвор аст.

Помпео дар Шӯрои амният ба тамдиди таҳримҳои Эрон даъват кард

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 30 июн аз Шӯрои амнияти СММ тақозо кард, ки таҳрими силоҳҳои Эрон тамдид шавад, чун, ба гуфтааш, дар сурати ғайр вазъ дар Ховари Миёна баъди анҷоми мӯҳлати таҳримҳо дар моҳи октябр бесубот шуда метавонад. Помпео гуфт, “инро на фақат ҳамчун аз ман ё ИМА қабул кунед. Ба гапи кишварҳои минтақа - Исроил, Халиҷ, кишварҳои Ховари Миёна, ки бештар аз ҳама мавриди таҳдиди Эрон қарор гирифтаанд, гӯш диҳед, ки бо як овоз мегӯянд: таҳрими силоҳҳоро густариш диҳед”. ИМА аз Шӯрои амният расман хост, ки аз моҳи октябр таҳримҳо тамдид шаванд, дар ҳоле, ки таҳримҳои ҳоло амалкунанда бар асоси қатъномаи Шӯрои амният дар бораи созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон қарор аст шурӯъ аз оғози моҳи октябр тадриҷан сабук шаванд. ИМА моҳи маи соли 2018 аз созиши ҳастаӣ берун шуд ва Теҳронро таҳрим кард. Дар посух Эрон ба нақзи тадриҷии ӯҳдадориҳои ҳастаии худ шурӯъ кард. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар Шӯрои амният гуфт, ки бекор кардани маҳдудиятҳои силоҳ “бахши ҷудоинопазири” созишномаи ҳастаӣ аст. Русияву Чин, ки ҳақи ветогузорӣ доранд, гуфтанд, ки бо талаби ИМА розӣ нестанд ва ҳақи Вашингтонро барои бозгардони таҳримҳо зери суол бурданд.

Ҳушдор аз шуюи коронавирус дар ИМА ва хатар аз дучанд шудани ҳолатҳои олудагӣ

Доктор Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ИМА

Мутахассиси аршади бемориҳои сироятӣ дар ИМА ҳушдор дод, ки дар ИМА аз паҳншавии коронавирус дуруст пешгирӣ намешавад, чун танҳо дар як рӯзи 30 июн шумори олудашавиҳои нав даҳҳо ҳазор нафарро ташкил дод. Доктор Энтони Фаучи дар баробари як кумитаи Сенат гуфт, ки аз ин ҳолат «бисёр нигарон аст, чун вазъият метавонад хеле бад шавад». Фаучи гуфт, ки агар дар кишвар гирифтории рӯзона ба вирус то 100 ҳазор нафар бирасад, «ҳайрон намешавад». Ин ҳолат дар ҳолест, ки зоҳиран умед барои хотима ёфтани пандемия дар ИМА то рафт камтар мешавад. Раиси Бонки марказии федеролии ИМА бо нашри пешбиниҳои начандон хушбинонааш рӯзи 30 июн вакилони маҷлиси намояндагонро огоҳ кард, ки иқтисоди ИМА-ро «лаҳзаҳои номуайяни фавқулодда» дар пеш аст. Ҷероме Пауэлл дар як Кумитаи маҷлис гуфт, то замоне, ки мардум ба дарки амнияти беҳдоштӣ нараванд, барқарории пурраи иқтисод имкон надорад. Дар ҳамин ҳол кишварҳои аврупоӣ тавонистанд суръати паҳншавии коронавирусро боздоранд ва аз 1 июл маҳдудиятҳои муайян бардошта мешавад. Чарлз Майкл, президенти Шӯрои Аврупо гуфт, ки аз 1 июл Иттиҳоди Аврупо тадриҷан марзҳояшро бо кишварҳои беруна боз мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Аврупо ба Душанбе меоранд

Бо як парвози чартерӣ шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро аз Олмону кишварҳои дигари Аврупо ба Душанбе мебаранд. Сафорати Тоҷикистон дар Берлин эълон кард, ки парвоз аз тарафи ширкати “Сомон Эйр” ва рӯзи 8-уми июл сурат хоҳад гирифт. Сафорат дар баёнияи расмӣ гуфт, “соати 12.30 (ба вақти Олмон) парвози чартерӣ тавассути хатсайри Франкфурт-Душанбе SZ102 анҷом мешавад.” Мақомот мегӯянд, билетро ширкати “Сомон Эйр” мефурӯшад. “Аз мусофирон дархост мегардад, ки ҳадди ақал 3 соат пеш аз парвози ҳавопаймо ба фурудгоҳи Франкфурт ам Майн ҳозир шаванд”, -- омадааст дар баёнияи сафорат.

1 июл дар Русия рӯзи охирини референдум аст

Овоздиҳӣ дар Маскав. 29 июни соли 2020

Якуми июл охирин рӯзи овоздиҳӣ дар раъйпурсии тағйироти конститутсионӣ дар Русия аст, ки роҳи президент Владимир Путинро то соли 2036 дар қудрат ҳамвор мекунад. Бо сабаби пандемияи коронавирус ва роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум овоздиҳӣ дар Русия рӯзи 25 июн шурӯъ шуда як ҳафта идома кард. Кремлин гуфтааст, ки овоздиҳӣ барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле, ки ба бовари мунаққидон, ҳадафи аслӣ тамдиди қудрати президенти амалкунандаи 67-сола аст. Дар як муроҷиати телевизиониаш ба мардум Путин аз сокинони Русия хост, ки ба ҷонибдории тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд. Дар маҷмӯъ дар тарҳи тағйиру иловаҳо ба конститутсияи Русия 200 тағйирот ҷой дорад.

Дар 23-юмин солгарди аз зери назари Бритониё берун шудани Ҳонгконг қонуни нави амният ба кор даромад

Парчами миллии Чин

Рӯзи 1 июл дар Ҳонгконг қонуни нави амният ба ҳукми иҷро даромад, ки барои ҷудоиталабӣ, сарнагуншавӣ ва терроризм ҳукми зиндони абадро пешбинӣ мекунад. ИМА гуфт, ин «рӯзи ғамгин» барои мардуми озодидӯсти Чин мебошад. Субҳи 1 июл полиси Ҳонгконг аллакай як нафрареро боздошт кард, ки дар даст парчам дошт ва полис гуфт, ки ӯро бо иттиҳоми даъват ба истиқлолият ба ҷавобгарӣ мекашанд. Инчунин аввалин бор баъди 1 июли соли 1997 мақомот раҳпаймоии ҳарсолаи демократиро манъ карданд. Бо ин вуҷуд фаъолони демократӣ гуфтанд, ки ба монеаҳо нигоҳ накарда раҳпаймоии худро баргузор хоҳанд кард. Рӯзи 30 июн котиби давлатии ИМА Майк Помпео Пекинро ҳушдор дод, ки дар паи қабули қонуни нав тадбирҳои ҷавобӣ гирифта мешавад. Помпео гуфт, ки ИМА бо супориши президент Доналд Трамп «имтиёзҳои сиёсии ба Ҳонгконг пешкашшударо бекор мекунад». Иттиҳоди Аврупо инчунин ин қонунро мавриди интиқод қарор дода гуфт, ки он мухторияти ҳамаҷонибаи Ҳонгконгро аз байн мебарад. Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб гуфт, ки Чин ба ваъдаҳои ба мардуми Ҳонгконг додааш вафо накард ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро нақз кард.

Помпео гуфт, ИМА аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои ОМ пуштибонӣ мекунад

Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Вазири корҳои хориҷии Амрико суҳбаташро бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 "олӣ" хонд. Майк Помпео дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт, Иёлоти Муттаҳида ба пуштибониш аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад.

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (С5+1) рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА - Майк Помпео, Қазоқистон - Мухтор Тлеуберд, Тоҷикистон - Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Узбекистон - Абдулазиз Комилов ва Туркманистон - Рашид Мередов иштирок карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар ин гуфтугӯ масъалаи мубориза бо бемории COVID-19, пайомадҳои он ба арсаҳои тандурустӣ ва иқтисодӣ, талоши кишварҳо барои бартараф кардани он ва таъмини амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи онлайнӣ гуфтааст, гурӯҳҳои кории иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар қолаби С5+1 низ метавонанд барои бартараф кардани мушкилиҳои соҳаҳои хеш нақш дошта бошанд.

Манбаъ мегӯяд, ҷониби амрикоӣ аз омодагиҳо барои истифодаи имкониятҳои худ ба ҳадафи рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди савдо хабар додааст.

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

Рамзан Қодиров даъват дорад Путин "президенти якумрӣ" бошад

Рамзан Қодиров бо Владимир Путин.

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров пешниҳод кард, ки Владимир Путин "президенти якумрӣ"-и Русия таъйин шавад.

Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, вай дар ҳузури мақомдорони дигари Чеченистон дар бораи президенти Русия мегӯяд: "Кӣ ӯро иваз мекунад? Чунин роҳбари сиёсие дар сатҳи ҷаҳонӣ мавҷуд нест".

Ба гуфтаи Қодиров, Чеченистон дар замони роҳбарии Путин "гулгулшукуфон" шудааст. "Мо имрӯз дар кишвари ҳуқуқбунёд, Федератсияи Русия зиндагӣ мекунем". Вай дар поёни навор аз мардуми Чеченистон даъват мекунад, ки "дар раъйпурсӣ ширкат кунанд", - зоҳиран манзур раъйпурсии тағйирот ба Конститутсияи Русия аст.

Раъйдиҳӣ имрӯз, 1 июл ба поён мерасад, аммо бино ба иттилои расмӣ, дар Чеченистон 75 дарсади сокинони қобили раъй ба пои сандуқҳо рафтаанд. Ин болотарин нишондод дар Русия аст. Гуфта мешавад, нишондоди умумии раъйдиҳӣ то субҳи 30 июн дар саросари Русия 45 дарсадро дар бар мегирифт.

Дар охирин интихобот дар Чеченистон 90 дарсади аҳолии қобили раъй ширкат карда буд. Аммо намояндагони мухолифон ба омор ва натиҷаи интихобот дар Чеченистон эътимод надоранд.

Қодиров пеш аз интихоботи президентии соли 2018 дар Русия изҳор дошта буд, ки Путин Русияро "то поёни умр роҳбарӣ кунад".

Яке аз тағйироте, ки дар Конститутсияи Русия пешниҳод шудааст, ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Путин аст. Дар сурати қабули ин тағйирот президенти амалкунандаи Русия имкон пайдо мекунад, ки ду давраи дигар, то соли 2036 номзадиашро ба курсии президентӣ пешбарӣ кунад. Соли 2036 Путин 84-сола хоҳад буд.

Интиқоди САҲА аз Қазоқистон барои ҳабси Алнур Иляшев

Алнур Ишяшев, ҳомии ҳуқуқи башар.

"Ин кушиши нави хомуш сохтани садои интиқодие дар қаламрави Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аст, ки барои демократияи мо муҳим аст", - гуфт Ингиёбрг Солрун Гисладоттир, раҳбари Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар шарҳи ҳукми фаъоли қазоқ Алнур Иляшев.

Ӯ дар "Твиттер" аз кишварҳое, ки шомили САҲА ҳастанд, даъват кард, то "ҳуқуқи ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҳимоят кунанд ва ба ҳаққи ҳар як шаҳрванд эҳтиром бигузоранд". Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ва ИМА низ айни ин даъватро аз ҳукумати Қазоқистон карданд.

Додгоҳи шаҳри Алмато 21 июн Алнур Иляшевро дар "паҳни иттилои дурӯғ дар шароити вазъи изтирорӣ" айбдор эълом ва озодияшро ба муҳлати се сол маҳдуд кард. Зидди ӯ баъди нашри матлабҳои интиқодияш дар бораи Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳо айб эълом шуд.

Додрас бо дархости додситон Иляшевро аз ҳаққи фаъолиятҳои оммавӣ ва таъсиси ҳизб ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. "Дар асл ӯ ба муҳлати 8 сол аз ҳамаи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд", - гуфт вакили дифоъ Нурлан Раҳмонов. Раҳмонов гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикоят мекунанд.

Додрас ҳамчунин қарор кард, ки айбдоршуда ба ҳисоби бунёди ҷуброни ҷабрдидаҳо ҳудуди 55,5 ҳазор танга ё тақрибан 137 доллар пардозад. Дар ин парванда ҷониби ҷабрдида вуҷуд надорад.

Иляшеви 43-сола моҳи апрели соли равон боздошт шуда, то ба ҳол дар ҳабс қарор дошт. Мурофиаҳои додгоҳӣ онлайнӣ баргузор шуданд.

Иляшев моҳи марти соли равон дар як муроҷиатнома бо фаъолони дигар аз президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев талаб кард, ки "амволи давоми солҳои зиёд ҷамъкардааш"-ро ба ҳисоби бунёди кумаки қазоқистониҳо гузаронида, ба "истироҳати ором" равад.

Дар Қазоқистон даҳҳо зан зидди норасоии дору даст ба эътироз заданд

Занони эътирозгар дар шаҳри Нурсултон. 1 июл, 2020.

Ҳудуди 30 зан рӯзи 30 июн дар эътироз ба камбуди дору дар давраи ҳамагир шудани коронавирус дар назди бинои шаҳрдории Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, мулоқот бо шаҳрдорро талаб карданд.

Яке аз занҳо бо номи Ойҷамол Сариева гуфт, натавонист ба шавҳараш, шахси дорои имконияти маҳдуд доруе харад, ки тасфашро поин барад.

"Дорухонаҳои воқеъ дар кӯчаҳои Алмато ва Сауранро гаштам, вале одитарин доруҳои поинбарандаи тасф - "Паратсетамол" ва "Аспирин"-ро пайдо накардам. Мақомот хабари дурӯғ медиҳанд. Мо ба назди шаҳрдор омадем, то ҳақиқатро талаб кунем. Онҳо медонистанд, ки карантин мешавад, чаро доруро захира накарданд?", - афзуд ҳасуҳбати мо.

Занони ҷамъшуда гуфтанд, дар давраи карантин даромадашон поин рафта, пулашон ба иҷораи манзил ва хариди маҳсулоти ғизоӣ намерасад. Онҳо аз шаҳрдор Алтай Кулгинов талаб карданд, ки ба наздашон барояд, вале ба назди эътирозгарон муовини шаҳрдор Нурлибек Женисбек баромад. Ӯ ному насаби ҷамъшудаҳоро навишта, ваъда дод, онҳоро ба рӯйхати шахсоне шомил хоҳад кард, ки шаҳрдор ба ҳузур мепазирад.

Вазири тандурустии Қазоқистон 30 май камчин будани дору дар кишварашро эътироф карда буд. Ӯ гуфт, яке аз иқдомҳои аввалини ҳукумат харидорӣ ва ворид кардани дору аст.

Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии Норак боз $ 50 млн. дод

Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдид ва азнавсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак 50 миллион доллар грант ва ё маблағи билоиваз дод. Ба иттилои дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ин марҳилаи дуввуми Лоиҳаи барқарорсозии нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аст.

Дар доираи ин лоиҳа, барқарорсозии се гидроагрегат, иваз ва барқарорсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва бахшҳои калидии зерсохтории нерӯгоҳи барқӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар назар аст, ки бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ шаш автотрансформатор, ки барои баровардани нерӯи барқи истеҳсолшуда хизмат мекунанд иваз шавад.

Марҳилаи аввали лоиҳа бо 225 миллион доллар аз Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар аз Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё ва 40 миллион доллари Бонки рушди Авруосиё моҳи марти соли 2019 оғоз гардид.

НБО-и Норак бо иқтидори лоиҳавии беш аз 3000 мегаватт тақрибан 50 фоизи ҳаҷми умумии талаботи солонаи нерӯи барқро дар Тоҷикистон истеҳсол мекунад. Айни замон, бо истифода аз чор се ҳиссаи иқтидори лоиҳавии худ, аз замони ба истифода додани он дар соли 1972, НБО-и Норак бори нахуст мавриди барқарорсозӣ ва таъмири асосӣ қарор дода мешавад.

Пас аз анҷом ёфтани корҳо, барқарорсозӣ ба НБО-и Норак имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ тақрибан ба 300 миллион кВт/соат афзоиш дода шавад.

Ҳаҷми даромади будҷаи Тоҷикистонро 2 миллиард кам карданд

Вазорати молияи Тоҷикистон

Нақшаи даромади будҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 беш аз 2 миллиард сомонӣ кам карда шуд. Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон рӯзи 30-юми июн пешниҳоди ҳукумат дар бораи коҳиши ҳаҷми будҷаро қабул кард.

Мувофиқи тарҳ нақшаи даромади будҷаи Тоҷикистон барои соли равон 2 миллираду 349 миллион сомонӣ кам карда шуд. То ин тағйирот ҳаҷми даромади будҷаи Тоҷикистон 26 миллиард сомонӣ буд.

Ҳамин гуна мувофиқи тағйироти охир қисмати хароҷоти будҷа низ 1 милларду 822 миллион сомонӣ коҳиш ёфт. Аз ҷумла давлат маблағгузории тарҳои сармоягузориро аз ҳисоби қарзу грантҳо 977 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби идораҳои давлатӣ 81 миллион сомонӣ коҳиш дод.

Бар асоси тағйироти тоза ба қонуни будҷа, барои пардохти маоши изофӣ ба пизишконе, ки бо короновирус мубориза мебаранд ва сармоягузории сохтмони неругоҳи Роғун1,9 миллирд сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Бо вуҷуди тағйироти охир ва кам кардани нақшаи даромад касри будҷа ва ё камомади маблағ 3,1 миллиард сомонӣ аст. Вазорати молияи Тоҷикистон умедвор аст, ки як қисмат аз камомади будҷаро аз ҳисоби қарзу гарнтҳои созмонҳои байналмилалии молӣ рӯйпуш мекунад.

Дар Узбекистон маҳдудиятҳои карантин шадидтар мешавад

Комисияи ҷумҳуриявии Узбекистон дар умури мубориза бо коронавирус тасмим гирифт, ки сар аз 1-уми июл маҳдудиятҳои марбут ба карантинро шадидтар кунад.

Бозорҳои фурӯши сару либос ва маҷмааҳои тиҷорӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе баста хоҳанд шуд. Сокинон вазифадор мегарданд, ки дар маконҳои иҷтимоӣ фосилаи 2-метриро риоя ва ниқоб пӯшанд.

Нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам гирифтани мусофиронро камтар мекунанд. Дар даромадгоҳҳои марказҳои савдо ниқоби ройгон тақсим карда хоҳад шуд.

Дар ноҳия ва шаҳрҳое, ки сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, ҷамъшавии одамон бештар аз 3 нафар манъ мегардад.

Касоне, ки ин чораҳоро риоя намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд.

Дар Узбекистон расман 8 ҳазору 298 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Аз ин шумор 24 кас фавтидааст.

Толибон дар сӯҳбат бо Помпео ӯҳдадории худ ба созиши сулҳро такрор карданд

Давҳа, Қатар, 29 феврали соли 2020. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео баъди имзои созиши мақомоти ИМА бо Толибон суханронӣ мекунад

Толибон гуфтанд, ки дар як конфронси видеоӣ бо котиби давлатии ИМА Майк Помпео пойбандии худ ба сулҳ дар Афғонистонро такрор карданд. Сухангӯи Толибон Суҳайл Шоҳин рӯзи 30 июн дар Твиттер навишт, ки Толибон ва дипломати баландпояи амрикоӣ дар як сӯҳбати рӯзи гузашта ҷараёни музокироти сулҳро бар пояи созиши моҳи феврал имзошуда баррасӣ карданд. Шоҳин навишт, “мо ба шурӯи музокироти дуҷониба бо ҳукумати Афғонистон ӯҳдадор ҳастем, вале табодули зиндониҳо ин ҷараёнро ба таъхир гузошт”. Бар пояи созиш, ду ҷониб ҳазорҳо зиндониҳо, аз ҷумла 5 ҳазор зиндонии Толибонро озод мекунанд. Ҳанӯз Департаменти давлатии ИМА анҷом шудани чунин як гуфтугӯи видеоии онлайниро тасдиқ накардааст.
Созиши ИМА бо Толибон хуруҷи нирӯҳои ИМА аз хоки Афғонистон ва музокироти Толибон ва ҳукумати Кобулро пешбинӣ мекунад. Бар асоси ин созиш ИМА то миёнаҳои июл шумори нирӯҳояшро аз 12 ҳазор то 8600 нафар кам мекунад. Дар сурати пурра иҷро шудани шартҳои созиш, то миёнаҳои соли 2021 нирӯҳои байналмилалӣ пурра аз хоки Афғонистон берун хоҳанд шуд.

Журналисти эронӣ Рӯҳулло Зам барои нақшаш дар эътирозҳо ба қатл маҳкум шуд

Вебсайти Рӯҳулло Зам AmadNews ва шабакаи эҷодкардааш дар Telegram мардумро дар бораи замони эътирозҳо хабардор ва дар бораи мақомоти Эрон иттилои шармандавор нашр мекард

Як хабарнигори эронӣ, ки матлабҳои интернетии ӯ илҳомбахши эътирозҳои иқтисодӣ дар соли 2017 шуданд, барои ин амалҳояш ба қатл маҳкум шуд. Сухангӯи низоми додгоҳӣ Ғуломҳусейн Исмоилӣ ҳукми Замро рӯзи 30 июн эълон кард. Вебсайти Зам AmadNews ва шабакаи эҷодкардааш дар Telegram мардумро дар бораи замони эътирозҳо хабардор ва дар бораи мақомоти Эрон иттилои шармандавор нашр мекард. Эътирозҳои соли 2017-и Эрон баъди ҳаводиси атрофи интихоботи соли 2009 ва раҳпаймоиҳои ноябри порсол бузургтарин чолиш ба шумор меравад. Дар ин эътирозҳо ҳазорҳо нафар боздошт ва 25 нафар кушта шуд. Зам муддатҳо дар Париж кору зиндагӣ мекард, вале соли 2019 бо роҳи фиреб ба Эрон баргашт ва аз октябри соли гузашта дар шароити номуайян дар боздошт ба сар мебарад. Зам баъдан дар як навори телевизионӣ пайдо шуда барои фаъолиятҳои кардааш тавба ва дархости афв кард. Зам метавонад аз болои ҳукми додгоҳ ба Додгоҳи олӣ шикоят барад.

Вазири тандурустии Қазоқистон таътили чаҳорҳафтаӣ пешниҳод дорад

Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар пешниҳод кард, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус таътили чаҳорҳафтаӣ эълом шавад.

Вазир гуфт, дар сурати эълом нашудани таътили мазкур, мумкин аст, шумори гирифторони вируси корона дар Қазоқистон ба якборагӣ афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи вазир, аз 10-уми июн ба тараф шумори гирифторони вируси корона дар ҳоли афзоиш аст.

Дар Қазоқистон то имрӯз наздики 40 ҳазор одам ба вируси корона мубтало шуда, 188 тан фавтидааст.

Тамдиди таҳримҳои иқтисодии ИА дар нисбати Русия барои низоъ дар Украина

Сокини Луҳанск ду шиноснома, аз ҷумла шиносномаи шаҳрванди Русияро дар даст дорад

Аъзои Иттиҳоди Аврупо расман таҳримҳои иқтисодӣ болои Русияро дар робита бо низоъҳо дар шарқи Украина тамдид карданд. Шӯрои Аврупо рӯзи 29 июн қарор кард, ки таҳримҳо то 31 январ тамдид мешаванд. Сабаби тамдидро Шӯрои Аврупо дар иҷро нашудани шартҳои созишномаи Минск мегӯянд, ки ҳадафаш хатми пурраи ҷанг дар Украина мебошад. Аввалин бор Русия моҳи июли соли 2014 ба хотири пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар минтақаҳои Донетску Луҳански Украина таҳрим шуд. Дар шаш соли низоъҳо дар ин қаламрав 13 ҳазор нафар ҷон додааст.
Таҳримҳо бештар саноати молӣ, энержӣ ва дифоиро ҳадаф қарор додаанд. Таҳримҳои дигари ИА ба ғасби зӯроваронаи нимҷазираи Қрим дар моҳи марти соли 2014 рабт дорад.

Таваллуди дугоникҳои ба ҳам часпида дар Узбекистон

Акс аз бойгонӣ.

Вазъи дугоникҳои ба ҳам часпида, ки рӯзи 27 июн дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуданд, муътадил арзёбӣ мегардад.

Ин дугоникҳо зери назорати табибон ҳастанд. Пизишкон мегӯянд, умедворанд, ки онҳо зинда хоҳанд монд.

Дугоникҳоро бо роҳи ҷароҳҳӣ аз шиками модарашон берун оварданд. Онҳо як бадан, ду даст, ду по, як дил ва чаҳор гурда доранд.

Таваллуди дугоникҳои дорои як ҷисм падидаи нодире аст. То ин замон дар Узбекистон таваллуди чунин дугоникҳо сабт нашудааст.

Эрон барои куштори Сулаймонӣ нисбати Трамп дархости ҳабс содир кард 

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон. Акс аз соли 2019

Эрон бар асоси қазияи бо дрон кушта шудани генерал Қосим Сулаймонӣ нисбати президенти ИМА Доналд Трамп ва 35 нафари дигар дархости ҳабс содир кард, вале мақомоти амрикоӣ онро ҳамчун як василаи “таблиғот” рад кард. Додситони Теҳрон Алӣ Алқосимеҳр рӯзи 29 июн Трамп ва мақомоти низомиву сиёсии ИМА-ро дар робита бо куштори моҳи январи Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар “куштор ва амалҳои террористӣ” гунаҳгор кардааст. Ӯ иддао кард, ки аз полиси байналмилалии Интерпол тақозо кард, ки нисбати ин нафарон “ҳушдори сурх” содир бикунанд ва ин нафаронро барои куштори Сулаймонӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳатто баъди хатми давраи президентии Трамп ӯро мавриди пайгард қарор медиҳад. Дар посух Браян Ҳук, фиристодаи ИМА дар умури Эрон гуфт, ин як василаи “таблиғотии Эрон аст ва касе онро ҷиддӣ нахоҳад гирифт”. Интерпол гуфт, ки ҳеҷ иқдоми “мудохила ё фаъолияти сиёсӣ, низомӣ, динӣ ваё нажодӣ” анҷом намедиҳад. Интерпол гуфтааст, ки ҳатто дар сурати дарёфти чунин дархост ингуна аризаҳоро баррасӣ намекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG