Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири CУЛҲ (Гуфтори дуввум)


Cалими Аюбзод Вижагуфтори Бахши тоҷикии радиои Озодӣ бахшида ба 10-умин солгарди имзо шудани Созишномаи сулҳи Тоҷикистон

БОЗҶӮӢ ДАР БАҲМАНМОҲИ ХУНИН Ё СЕ САБАБИ ЭҲТИМОЛИИ ҶАНГИ ТОҶИКИСТОН
-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Зодрӯзи ҷанги Тоҷикистон номаълум аст...

Дар ҳоле ки он шояд аз зодрӯзи сулҳ дида ба маротиб муҳимтар бошад. Кай, кадомин лаҳза, дар куҷо -- оё дар кабинетҳои барҳаво ё рӯи курпачаҳои гирди дастархон, оё дар дохили кишвар ё берун аз он, дар шаҳри пуродам ё рустои дурафтода, оё аз ёр ё ағёр ё ҳарду, дар кадомин мағзҳои бемору тафсида ин нақша рехта шуд ва бо кадомин забонҳои хунранг ин амр дода. Ҳанӯз номаълум аст...

...Вақте таърихнигорон аз рӯзҳову моҳҳову солҳои гузашта сафҳаву фаслҳову бахшҳо месозанд, ба шабоҳатҳои спироли таърих кам диққат медиҳанд. Масалан ба он ки ҳам таъсиси Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳам фурӯпошии он, ҳарду барои тоҷикон ҷангҳои хунини дохилӣ овард.

Соли 1922, соли таъсиси шӯравӣ, хунинтарин соли ҷанги босмачӣ дар Тоҷикистон буд, он ҳам баъд аз як пирӯзии кӯтоҳи мухолифони русҳои шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ. Дар ин ҷанг ҳадафи болшевикон ин буд, ки Бухорои Шарқӣ аз марзи кишвари нави шӯравӣ берун намонад. Ин хунрезиҳо то соли 1931 идома кард.

Майкл Дойл аз Донишгоҳи Коламбия ва Николас Самбанис аз Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳида дар китоби худ "Ҷанговарӣ ва сулҳофаринӣ" 151 низоъи мусаллаҳонаи ҷаҳонро таҳлил карда, навиштаанд, ки ҷанг умдатан ба се иллат имконпазир мешавад.

Ин се сабаб кадомҳоянд, дар гуфтори мо, бо пахш кардани ин ҷумлаи сабз бишнавед.
XS
SM
MD
LG