Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии номзади нав ба мақоми раиси Бонки ҷаҳонӣ


ск

Ҷорҷ Буш - раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида номи номзади ҷадид ба мақоми раиси Бонки ҷаҳониро эълон кард.


Раисҷумҳури Амрико ба ин мақом номзадии Роберт Зоуллик - собиқ намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар гуфтугӯҳои тиҷоратӣ ва собиқ муовини вазири умури хориҷаи ин кишварро пешниҳод кардааст.


Раиси феълии Бонки ҷаҳони Пол Вулфоветс рӯзи 30 июн ба истеъфо меравад. Чанд рӯз пеш як комиссиюни вижаи Бонки ҷаҳонӣ муқаррар кард, ки бо мусоидат ба як хонум барои соҳиби мақому моҳонаи баланд шудан, Вулфоветс қавонини Бонки ҷаҳониро пушти по задааст.
XS
SM
MD
LG