Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро наворҳои Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро сӯзонданд?


«Бисёр ҷойи таассуф аст, ки дар ҷумҳурии мо эшонҳоямон, муллоҳоямон ва хатибонамон маҳфили Мавлуди пайғамбар (с)-ро бепоя хонданд»

Намунае аз мавъизаи Эшони Нуриддин, як рӯҳонии шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар пайи санҷиши муштараки Кумитаи амнияти миллӣ ва ширкати давлатии «Тоҷиккино» дар радифи дигар диску кассетҳои аудиоӣ, видеоӣ, филмҳои тарғибкунандаи терроризм ва наворҳои мазҳабии рӯҳонии дигар - Ҳоҷӣ Мирзо мусодира ва оташ андохта шудааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ба ин тартиб беш аз чор ҳазор диску наворҳое мусодира шудаанд, ки барои фурӯш муҷаввиз надоштаанд ва ё сифати паст доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Абдуҷалол Ализода, раиси Донишгоҳи исломӣ ва узви раёсати Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон, дар суханронии баъзе аз рӯҳониёни кишвар нуктаҳое таъкид шудаанд, ки ба амнияти кишвар хатар эҷод мекардаанд. Оқои Ализода афзуд, як комиссиюни вижаи Шӯрои маркази исломӣ пас аз таҳлили суханронии муллоҳо иҷоза додааст, то он наворҳо мусодира шаванд. Аммо вай дақиқ нагуфт, ки кадом нуктаҳои хатарзо дар мавъизаи рӯҳониёни кишвар баён шудааст: "Дар баромади мазҳабии онҳо нуктаҳое таъкид шудаанд, ки ба нафъи миллату давлати Тоҷикистон нест. Бо вуҷуди он ки дар миёни мардум маҳбубият доранд, вале онҳо бештар аз манофеи гурӯҳҳои алоҳида сухан меронанд. Дар маҷмӯъ, агар бигӯянд, ки суханронии Ҳоҷӣ Мирзо ё Эшони Нуриддин саддарсад ҳақ мебошад, зид ҳастам".

Вале Ҳоҷӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, бародари Эшони Нуриддин, мегӯяд, дар мавъизаҳои онҳо даъват ба ҷиҳод ё даъват ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷой надоштааст. Вай мегӯяд, гузашта аз мусодираи диску наворҳо, ҳамакнун мақомот дар пайи маҳдуд кардани вақти намози ҷумъа ва суханронии муллоҳо дар масоҷиди ҷомеъ шудаанд. Оқои Маҳмудҷони Тӯраҷонзода афзуд, иддаои мақомоти амниятӣ доир ба ин ки гӯиё нуктаҳои мухолифи сиёсати давлат дар суханронии онҳо мушоҳида шудааст, иттиҳомоте беш нест: "Мо дар мавзӯьи ҷиҳод ягон навори махсусе надорем, агарчӣ ҷиҳод низ як рукни дини Ислом аст. Барои хотири он ки моро муттаҳам ба террозиму экстримизм накунанд, дар мавзӯъи ҷиҳод ҳатто сӯҳбате надорем. Назари мақомот, ки нисбат дар гуфтаҳои мо ҷанбаҳои экстримистӣ вуҷуд дорад, тӯҳмате беш нест. Албатта, ман фақат сӯҳбати худ ва бародари худ – Эшони Нуриддинро дар ин бора табрия кунам. Шояд аз дигарҳо бошад".

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мусодираи наворҳои мазҳабиро як таҳоҷуми дигар ба озодии эътиқод мехонад. Вай гуфт, ҳарчанд Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо узви ин ҳизб нестанд, аммо онҳо дар масъалаи мусодираи диску наворҳо бетараф набудаанд. Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ, ин сабтҳо василае будаанд, ки одамонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ҷамъиятро бо ислом аз наздик ошно месохтаанд. Ҳусайнӣ бо изҳори таассуф мегӯяд, агарчӣ мақомоти амниятии Тоҷикистон аз нашру фурӯши навору филмҳои фаҳшу ваҳшоният ҷилавгирӣ намекунанд, аммо тавонистаанд, ки наворҳои мазҳабиро бисӯзонанд: "То ҷое, ки медонем, онҳо дар мавъизаҳои худ ба мавзӯъҳои сиёсӣ дахл накардаанд. Танҳо ҳамин буд, ки ин ду нафар як андоза маҳбубияти хосеро дар байни аҳолӣ касб кардаанд. Эҳтимол меравад, ки сабаби сӯзонидани дискнаворҳои мазҳабӣ коста гардонидани маҳбубияти онҳо бошад".

Агар пештар садои мавъизаи рӯҳониён аз дуконҳои диску кассетафурушӣ баланд садо медод, ҳоло дигар аз дохили онҳо садои баланди суханронии онҳо, бахусус, Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо шунида намешавад. Аз дукондоре мепурсам, чаро фурӯши наворҳои мазҳабиро кам кардааст: "Чунин дискҳо акнун дар фурӯшгоҳҳо нестанд. Фурӯхтанро манъ карданд. Беогоҳӣ омаданд, тафтиш карданд ва дискҳоро гирифта рафтанд".

Аз чанде хоҳишмандони наворҳои мазҳабӣ дар Душанбе мепурсам, ки ба иқдоми мақомоти амният чӣ назар доранд?

"Эшони Нуриддинҷонро дар ҷаҳон мешиносанд. Мусодира ва сӯзондани кассетаҳои онҳо ба зарари ҷомеаи мо аст. Дар баромадҳои Эшони Нуриддин як шиносоӣ бо дини Ислом ва оини мо буд. Аз баромади онҳо ҷавонон баҳра мебардоштанд ва аз роҳи бад мегаштанд"

"Ман дар ин кассетаҳо ғайр аз матлабҳои ахлоқӣ чизи дигареро намебинам. Ҳар касе, ки ин иқдомро гирифтааст, иштибоҳ мекунад".


Дар маҷмӯъ, ба назари Абдуллоҳ Қодирӣ, коршиноси мустақил, бояд диску наворҳои мазҳабие ба фурӯш гузошта шаванд, ки Шӯрои маркази исломӣ ва раёсати кор бо дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иҷозаи нашри онҳоро медиҳанд.

Аммо ба назари таҳлилгарони дигар, маҳз дар кишваре, ки беш аз навад дарсади он пайравони дини мубини Ислом ҳастанд, маҳдуд ва ё манъ кардани наворҳои мазҳабии рӯҳониёни шинохта аз сӯйи мақомот авоқиби хубе дар пай нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG