Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар Тоҷикистон: Дар амал ва дар коғаз


Ба иттилоъи Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ то 6 дарсад афзуда ва беш аз 2 миллиарду 776 миллион сомони (муодили қариб 807 миллиону 147 ҳазор доллари амрикоӣ)ро ташкил кардааст.

Гурез Аминов, ёвари раиси Кумитаи давлатии омор, ин хабарро тасдиқ кард, вале аз ироъаи тафсилоти бештар худдорӣ варзид. Ӯ танҳо афзуд, наметавонад номгӯи маҳсулотеро баён кунад, ки аз ҳисоби истеҳсоли он ММД афзудааст, чун инро қонуни Тоҷикистон оид ба сирри давлатӣ иҷоза намедиҳад.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар ин қонун доир ба манъи дарёфт ва нашри иттилоъ оид ба ММД чизе гуфта нашудааст.

Таҳлилгари иқтисодӣ Аслами Муллофайзӣ мегӯяд, дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон соли равон корхонаи калони истеҳсолие бунёд накардааст ва шароити назаррасе барои афзоиши тавлиди молу мавод фароҳам насохтааст, ба афзоиши ММД эътимоди камтар дорад: «Ман гумон мекунам, ки бидуни кушодани ягон корхонаи ҷадид ва манбаъи даромади нав ба ин нишондод афзоиш ёфтани маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ғайриимкон аст».

Дар ҳамин ҳол Шодибек Қодиров, таҳлилгари дигари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, дар Тоҷикистон имкони афзудани ҳамзамони сармоягузории хориҷӣ ва хароҷоти истеъмолии аҳолӣ вуҷуд дорад, ки сабабҳои аслии афзун шудани ММД будаанд. Оқои Қодиров ҳамчунин гуфт: «Аммо ҳангоми ҳисобкунии маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ инро низ бояд дар назар гирифт, ки, агар шохис ё индекси таваррум зиёд шуда бошад, ММД низ метавонад зиёд шавад. Гузашта аз ин, аз якуми апрел бар асари афзудани ҳаҷми маоши кормандони соҳоти буҷавӣ ва афзоиши хароҷотҳои давлатӣ мушоҳада шудааст, ки дар навбати худ боиси афзоиши маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ гаштааст».

Ба иттилоъи Кумитаи давлатии омор, хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли равон то 35 дарсад бештар шуда, сатҳи таваррум ҳамагӣ каме бештар аз як дарсадро ташкил додааст. Ҳамзамон ба иттилоъи манбаъ, бо шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ қимати сабзиҷоту мева, орду шир ва равғану моҳӣ дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафта, мутаносибан баҳои тухму гӯшти мурғ, нахӯду биринҷ ва шакару маҳсулоти қаннодӣ коҳиш ёфтааст.

Бадеҳист, ки ин ҳама боиси афзоиши ММД гардидааст. Вале дар асл қимати ин маводи ғизоӣ дар қиёс бо ним соли пеш поин нарафтааст ва, гузашта аз ин, ҳамоно дар ҳоли болоравист.

Вале, ба иттилоъи Кумитаи давлатии омор, арзиши аслии маводи ғизоие, ки ба «сабади истеъмолӣ» дохил мешаванд, ба 53 сомонӣ баробар аст. Ва ин дар ҳолест, ки меъёри асосии истеъмоли маводи ғизоӣ 112 сомониву 18 дирамро ташкил медиҳад. Ба ифодаи дигар, арзиши сабади истеъмолӣ аз арзиши меъёри маводе, ки бояд як нафар истеъмол кунад, беш аз ду баробар камтар аст.
XS
SM
MD
LG