Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Юшенко: «Буҳрони сиёсӣ дар Укроин поён ёфт»


Пас аз чандин шабонарӯзи ташаннуҷи афзоянда дар Укроин ва хатари истифодаи эҳтимолии нерӯи низомӣ сарони бо ҳам рақиби кишвар ба тавофуқ расиданд.


Президенти Укроин Виктор Юшенко ва сарвазир Виктор Янукович пас аз гуфтушунидҳои шаби гузашта эълон карданд, ихтилофҳоро ҳал карданд ва тасмим гирифтанд, ки бояд 30 сентябри соли равон дар кишвар интихоботи зудҳангоми порлумонӣ барпо шавад.


Президент Виктор Юшенкои ғарбгаро, дар ҳоле ки дар паҳлуи ҳамномаш Януковичи русгаро меистод, эълом кард: "Мо ҳоло гуфта метавонем, ки буҳрони сиёсӣ дар Укроин ба поён расид. Пас аз гуфтушуниди хеле дароз, вале наметавон гуфт, сабук, мо роҳи муросоро пайдо кардем".


Вай афзуд, вакилони Рада, порлумони Укроин, ин ҳафта қонуни заруриро омода ва қабул хоҳанд кард.


Муборизаи сиёсӣ дар байни ду раҳбар замоне авҷ гирифт, ки Янукович, сарвазири Укроин, аз эътирофи фармони моҳи апрели президент дар бораи лағви порлумон ва эълони интихоботи зудҳангом саркашӣ кард. Юшченко ишора кард, ӯ ин дастурро барои он дода буд, ки Янукович ва тарафдоронаш дар пайи ғасби қудрат дар кишвар шуданд, аз ҷумла тарафдорони Янукович дар Рада мехостанд, салоҳиятҳои сарвазирро то ба дараҷаи ҳаққи тағйири қонуни асосӣ густариш диҳанд.
XS
SM
MD
LG