Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Леонид Кириленко


Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон, дар ин робита ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Леонид Кириленко аз соли 1964 то соли 1969 дар ҳайъати дастаи «Энергетик»-и Душанбе бозӣ карда, соли 1967 барои маҳорати баландаш бо унвони «Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ» сарфароз гаштааст. Баъдан вай даҳ сол дар дар хатти дифоъи дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе бозӣ кардааст. Ӯ дар 367 бозӣ ба дарвозаи рақибон 31 гол зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин голзанҳои «Помир» дохил шудааст. Вай то аз футболи калон баромадан капитани ин дастаи машҳури Тоҷикистон буд».

Ба гуфтаи А. Мирзоев, хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав Леонид Кириленко тайи 27 соли ахир мураббии футбол буд. Вай,бахусус дар тарбияи футболбозони наврас хизмати арзанда карда, ҳамчун мураббии варзидаи навҷавонон шинохта шудааст.

Шодравон Леонид Кириленко солҳои ахир аз бемории пой ранҷ мебурд. Вале бо вуҷуди ин ӯ кори устоди футболро канор нагузошт ва то охирин рӯзҳои ҳаёташ бо тӯбу шогирдон дар майдони футбол буд ва дар мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол ба ҳайси мураббии футболбозони наврас фаъолият дошт.
XS
SM
MD
LG