Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон нисбати худро ба 436 кило ҳероин рад мекунад


Бар тибқи як хабари расонаҳои Русия, 436 килограмм маводи мухаддири боздоштшуда аз Тоҷикистон буда ва аз тариқи мошини боркаш ба Русия интиқол шудааст, ки арзиши он дар «бозори сиёҳ» ба 9 миллиард доллар баробар аст.


Бобоҷон Шафиев, корманди дафтари матбуоти ин оҷонсӣ, бо такзиби ин хабар ба радиои «Озодӣ» аз ҷумла гуфт, ки бар тибқи маълумоти хадамоти гумруки Тоҷикистон шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ то кунун мошини борбар бо чунин маҳсулот аз марзи Тоҷикистон хориҷ нашудааст. Ӯ инчунин гуфт, хадамоти федеролии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Русия дар мавриди таҳқиқи ҳодисаи боздошти ин миқдор маводи мухаддир аз мақомоти Тоҷикистон дархосте накардаанд.


Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран беш аз 843 кило маводи мухаддири аз мусодирашударо маҳв сохт, ки дар соли ҷорӣ барои бори дуввум аст.

Худойназар Асоев, сухангӯи ин вазорат, изҳор кард, ки аз ҷониби вазорат дар тӯли соли ҷорӣ 1450 кило маводи мухадир аз қочоқгарон кашфу мусодира ва сипас маҳв шудааст.
XS
SM
MD
LG