Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба ташдиди таҳримоти зидди Эрон талош мекунад


ск

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ӯ барои шадидтар шудани таҳримҳо алайҳи Эрон талош хоҳад кард.


Дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед ӯ иброз дошт, ки дар ин мавзӯъ машваратҳо бо ҳампаймонҳои аврупоияш ва раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Чинро идома хоҳад дод.


Изҳороти Ҷорҷ Буш ба думболи гузориши Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ садо дод, ки дар он аз идома ёфтани ғанисозии ураниум дар Эрон изҳори нигаронӣ шудааст.


Президенти Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин гуфт, ки ҳафтаву моҳҳои наздик дар Ироқ задухурдҳои шадид сурат мегиранд. Ӯ афзуд, ки ин тобистон барои суботи Ироқ сарнавиштсоз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG