Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18% маводи мухаддир тавассути марзҳои Тоҷикистон хоҳад гузашт?


Тибқи пешгӯии Созмони Милали Муттаҳид, ҳаждаҳ дар сади маводи мухаддаре, ки дар Афғонистон истеҳсол мешавад, аслан аз роҳи Тоҷикистон - Қирғизистон - Русия ба хориҷ хоҳад рафт. Аммо мақомоти зидахли Тоҷикистон ин арзёбиҳои Созмони Милалро зери шубҳа қарор дода, мегӯянд, феълан марзҳои Тоҷикистон шадидан ҳимоят мешаванд ва қочоқбарон дигар наметавонанд аз ин кишвар ба ҳайси долони боз истифода кунанд.

Файзулло Гадоев, масъули раёсати мубориза бо гардиши маводи мухаддари вазорати корҳои дохилӣ низ ба дурустии пешгӯии Созмони Милали Муттаҳид изҳори нобоварӣ мекунад ва мегӯяд, қочоқбарон аз роҳҳои Ӯзбакистону Туркманистон камтар истифода намекунанд ва намешавад гуфт, ки 20 дар сади маводи мухаддар танҳо аз роҳи Тоҷикистон ба берун меравад. Оқои Гадоев афзуд: «Ин рақамҳо тахминианд ва дурустии онро ман тасдиқ карда наметавонам. Дар самти шимол, махсусан дар самти Тоҷикистон тайи дар чанд соли ахир қочоқбарони ҳам тоҷику ҳам афғон эҳсос кардаанд, ки як сади пурқуввате дар самти пешгирӣ аз интиқоли маводди мухаддир аз сӯйи ниҳодҳои қудратӣ барпо шудааст».

Аммо ба гуфтаи Ҳодӣ Абдулҷаббор, коршиноси маҳаллӣ, мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар баррасии мавзӯъ ва натиҷагириҳои худ хеле кам иштибоҳ мекунанд, зиёда аз ин ҳар гуна баёнияи онҳо дар пайи таҳқиқоти тӯлонӣ нашр ва асоснок мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 85 дар сади маводи мухаддаре, ки истеҳсоли Афғонистон асту дар ҳудуди Осиёи Марказӣ мусодира мегардад, аз сӯйи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз кашфу забт мешавад.
XS
SM
MD
LG